Тасдиқи ангораи шоҳҷоизаҳо ва нишони хотиравии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ12-05-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси банди 6 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 феврали соли 2016, №АП-681 ва моддаи 8 «Қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» шоҳҷоизаҳо ва нишони хотиравӣ тасдиқ карда шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, инчунин илова намудааст, ки барои ғолибони ҷойҳои беҳтарин шоҳҷоизаҳо муқаррар шуда (барои беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ «Ҷоми Ҷамшед» ва барои вилояти беҳтарин «Ҷоми Истиқлолият»), бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқа гардидаанд. Ба иттилои манбаъ, ин ҷоизаҳо дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат супорида мешаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.