ИМА: Русия бояд ба режими Башор Асад фишор орад14-07-2016, 15:30
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Русия бояд изҳороташ дар мавриди ба сулҳи Сурия содиқ буданро бо амалкардҳояш исбот кунад, гуфт котиби матбуотии департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби.
Пештар аз ин вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров фиристодаи махсуси СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистураро бо он айбдор кард, ки даври нави гуфтушуниди сулҳи Сурияро баргузор намекунад. Вале Ҷон Кирби мегӯяд, масъулияти Мистура хеле содда мебуд, агар Русия бо истифода аз эътибораш ба Димишқ фишор меовард, то ин ки режими Башор Асад ҳамлаи аҳолии осоишта ва бомбаборони мавзеъҳои мухолифини муътадилро қатъ кунад. Ба гуфтаи вай, ҳангоми сафар ба Москва котиби давлатии ИМА Ҷон Керри талош мекунад, ки ҳамсуҳбатони худро барои таъсиси шароит ба азсаргирии гуфтугӯи сулҳ розӣ созад. 1 август бояд гуфтугӯи сулҳи Сурия миёни намояндагони расмии Димишқ ва мухолифини муътадили ин кишвар дар Женева дубора оғоз шавад. Аммо мухолифин мегӯянд, то замоне, ки нерӯҳои ҳукуматӣ шарти сулҳро иҷро накунанд, вориди гуфтугӯ нахоҳанд шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.