Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Даъвати ИМА ва Русия ба эҳёи гуфтушуниди Сурия

Даъвати ИМА ва Русия ба эҳёи гуфтушуниди Сурия

10-05-2016, 06:45
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Даъвати ИМА ва Русия ба эҳёи гуфтушуниди СурияВашингтон ва Москва аз ҷонибҳои даргир дар Сурия талаб карданд, ба ҳамагуна ҳамлаҳо дар минтақаҳои аҳолинишин хотима диҳанд.

ИМА ва Русия уҳдадориҳояшонро барои қатъи амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия ва нияташон ба хотири тақвияти ҳалли сиёсии низоъ дар ин кишварро баён карданд. Дар ин бора рӯзи душанбе дар сомонаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Департаменти давлатии ИМА изҳороти муштараки нашр гардид.

Вашингтон ва Москва аз ҷонибҳои даргир дар Сурия хостанд, ба ҳамагуна амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳои аҳолинишин, аз ҷумла иншооти инфрасохтории маданию муассисаҳои тиббӣ хотима бахшанд. Инчунин онҳо аз Димишқ ва гуруҳҳои мухолифи Сурия талаб карданд, барои дастрасии фаврӣ ва устувори ҳамаи ниёзмандон дар қаламрави ин кишвар ба кумаки башардӯстона иҷоза дода, гуфтушуниди Женеваро азсар бигиранд.

Рӯзи душанбе котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров суҳбати телефоние анҷом дод, ки дар ҷараёни он талошҳо барои ҳалли низоъ дар Сурия баррасӣ шуд. Инчунин ба аҳамияти ҳамоҳангии низомиёни Русияву Амрико, аз ҷумла дар доираи маркази амалиётҳои муштараки таъсисёфта дар Женева таъкид гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: