Ҷаласаи ҳампаймонҳои Ғарбӣ дар мавриди Сурия15-03-2016, 11:03
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
ИМА ва Фаронса изҳороти намояндаи президенти Сурия Башор Асад дар мавриди бемайлӣ ба гуфтугӯи интихоботи президентии ояндаро иғвогарона номиданд.
Дар ҷаласаи машваратии ҳампаймонҳои ғарбӣ дар Порис вазири корҳои хориҷаи Фаронса Жан-Марк Эйро ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ изҳороти пахшшуда дар остонаи музокироти нави Женеваро иғвогарона номиданд. Эйро ва Керрӣ аз ҷонибдорони Асад - Русия ва Эрон хостанд, ки нагузоранд, то Димишқ низоми оташбасро барои ҳадафҳои худ истифода барад. Дар мулоқоти Порис ҳамчунин вазирони хориҷаи Бритониё, Олмон, Итолиё ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ширкат доштанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, тундгароёни исломӣ, ки аз Сурия берун карда мешаванд, акнун лар Либия, Яман ва Афғонистон реша медавонанд. Лавров гуфт, Москва ва Вашингтон на танҳо табодули иттилоъ кунанд, балки "муборизаҳои худ алайҳи терроризмро ҳамоҳанг созанд". |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.