Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳама иқдом барои насли ояндаи солим

Ҳама иқдом барои насли ояндаи солим

14-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 0
Ҳама иқдом барои насли ояндаи солим
НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н.Деваштич баҳри ба наврасон талқин намудани пешбурди тарзи ҳаёти солим, дар истироҳатгоҳи «Чашма»-и ноҳия бо ҳамбастагии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва муассисаи таҳсилоти иловагӣ бозиҳои «Офарин»-ро ташкил ва баргузор намуд.

Дар истироҳатгоҳе, ки обу ҳавои тоза дошта, тамоми шароитҳои мувофиқу мусоид барои ҳам машғулияту ҳам истироҳат ва ҳам сайру гашт омода гардида буд, наврасону ҷавонон бо кайфияти болидаву хуш вақтгузаронӣ доштанд ва ташкилкунандагони чорабинии мазкурро бо руҳияи шоду идона пешвоз гирифта, дар иҷрои тамоми шартҳои бозиҳо чусту чолок ва фаъол буданд.
Ҳама иқдом барои насли ояндаи солим
Бозиҳои серҳаракати «Офарин» дар се давр баргузор гардида, аз шартҳое иборат буданд, ки барои обу тоби бадан таъсири басо мусбӣ дошта, шавқи истифодаи ҳаррӯзаи чунин машғулиятҳои варзиширо дар наврасон бедор менамуд. Инчунин тамошобинони ин бозиҳо низ аз иҷрои шартҳо ба завқ омада, шартҳоро ҳам тамошо ва ҳам баробари дастаҳои иштирокчӣ иҷро мекарданд. Бахусус дастаҳои «Далерон» ва «Ориён» маҳорати баланди чобукиро аз худ зоҳир намуда, миёни дигар дастаҳои хамсолони худ ғолибиятро ба даст оварданд.

Дар хотимаи чорабинӣ мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Ҳоҷиев, и.в.роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ва мутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Вафоҷон Қӯлдошов дар назди насли наврас як ба як сухан карда, аз чобукию варзишдӯстии наврасон ибрози қаноатмандӣ ва хушнудӣ намуда, туҳфаҳои КИ ҲХДТ дар н.Деваштичро барои иштирокчиёни фаъол ва дастаҳои ғолиб тақдим карданд.
Ҳама иқдом барои насли ояндаи солим
Ҳама иқдом барои насли ояндаи солим
Ҳама иқдом барои насли ояндаи солим
Ҳама иқдом барои насли ояндаи солим
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: