Пешвози арзандаи ҷашн12-07-2016, 15:30
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои Барқи Марказӣ» ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ доир гардид.
Ҳабибулло Абдулҳақов, директори корхонаи Шабакаҳои Барқи Марказӣ зимни кушоиши ин чорабинӣ аҳли нишастро бо рӯз ба рӯз наздик шудану фарорасии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт. Вай ин рӯйдоди воқеан таърихиро аз саҳифаҳои пурҷило дар таърихи навини кишвармон донист. Сипас ӯ ба намояндаи ҲХДТ дар ноҳияи Сино сухан дод. Т. Камолов, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино вакти суханронии хеш аҳли нишастро бо таҳаввулоти сиёсӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ ва таъсири он ба Тоҷикистон дар даврони расидан ба истиқлол ошно кард. Вай дар идома инчунин дар робита ба рӯйдодҳои муҳим ва тақдирсози солҳои пас аз истиқлол, талоши Давлати навтаъсис бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомадӣ Раҳмон, комёбиҳои ба даст омада маълумот дод. Дар идома ширкаткунандагон зимни суханрониҳои хеш хизматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷиҳати эҷод ва таҳкими заминаи Ваҳдати миллӣ ва истиқорори истиқлоли кишвар беназир арзёбӣ карданд. Иштирокчиёни ҷамъомад тасмим гирифтанд, ки бо меҳнати софдилона ин ҷашнро ба таври сазовор пешвоз мегиранд. Дар чорабинии мазкур, аз ҷумла аъзои фаъоли ҳизб А. Соҳибов ва Ш. Табарова дар мавзӯи «Истиқлолият рукни пешрафти миллат» баромад намуданд. Дар поёни ҷаласа намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ба 11 нафар аъзои наве, ки ба ҳизб шомил шудаанд билетҳои ҳизбӣ супорид. С. Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.