
Тибқи нақша-чорабиниҳои якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳанг мулоқот бо иштироки раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, сарварони бинову кӯчаҳо ва фаъолони ҳизб баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси кумиҷроия Усмонов И, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Қудратов Б, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Нурзода М., мудири бахши фарҳанг Раҳмова Т. доири муҳтавои Паёми пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд. Зимни сӯҳбат нуқтаҳои асосии Паёми имсолаи Сарвари давлат фаҳмонида дода шуд. Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки иштирокдорон бо дарки масъулияту ифтихори ватандорӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ, таҳкими сулҳу субот ва сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.