Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи раванди амалигардонии Аксияи ҳизбии «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд», дар Рӯзи маъюбон, дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа амали хайру савобро анҷом дод.Иқдоми имрӯзаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қисмате аз ин барнома, ки бо дастуру супориши Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, тавассути ин абармарди қавлу амал мардуми Тоҷикистони азиз орому осуда, дар фазои сулҳу ваҳдат кору фаъолият намуда истодаанд. Дар Ватани маҳбуби мо ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ба Раиси Ҷамъияти маъюбони вилоят Абдусамад Бобоҷонов ва маъюбони дар ин чорабинӣ иштирокдошта муроҷиат намуда, иброз дошт, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ниёзмандон аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мебошад.
Дар фароварди суханронӣ А.Ализода ба 30 нафар маъюбон туҳфа ва кӯмакҳои молиявии ҳизбиёнро тақдим намуд.
Ин иқдоми инсондӯстонаро ҷамъомадагон хуш пазируфта, Раиси Ҷамъияти маъюбон А.Бобоҷонов аз номи маъюбон ин амали неки ҳизбиёнро баланд арзёбӣ намуд ва ҲХДТ-ро Ҳизби созандаву бунёдкор ва ғамхори халқ номида, ҳамчун рамзи арзу сипосу миннатдорӣ аз номи Ҷамъият ба А.Ализода барои кӯмаку дастгирии доимӣ Сипосномаи Ҷамъиятро тақдим намуд.
Дар рафти баргузории ин чорабинӣ маъюбон низ маҳсули меҳнати дасти худро нишон доданд. Аз ҷумла, Норбӣ Исматова ва Ҳалима Умарова таъкид намуданд, ки бо касбу ҳунарашон ба ҷамъият фоида мерасонанд.