Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аксия дар маркази вилояти Хатлон

Аксия дар маркази вилояти Хатлон

9-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
Аксия дар маркази вилояти Хатлон
Аксияи «Китоби «Шоҳнома»-и Аблуқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!», ки ташаббускори он Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мебошад, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо маром ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ доир гардида истодааст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ дар толори боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳр чунин Аксияро баргузор гардонид. Ҷои баргузории Аксия бо шиору овезаҳо, рамзу парчамҳои ҳизбиву давлатӣ оро дода шуда, толор ғарқи ҷилваву ҷавлони парчамҳо гардида буд.
Аксия дар маркази вилояти Хатлон
Аксияро узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Солеҳа Қосимова кушода, суханро ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода дод. Зимни суханронӣ Аҳмадҷон Ализода тамоми иштирокдорони Аксияро табрик гуфта, ҷавононро ояндаи миллат номид. Аксияро дарси амалии хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ватандӯстӣ ва ватандорӣ баҳогузорӣ намуда, онро рамзи арҷгузорӣ ба шоҳасарҳои «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ва «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоянд. Зимни суханронӣ А. Ализода бо қироат намудани пораҳо аз «Шоҳнома» ҷавононро баҳри омодагӣ ба ҳифзи Ватан даъват карда, асари безаволи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён»-ро шоҳасари безавол дар шинохти миллат ва
таърихи тоҷикон арзёбӣ кард.
Аксия дар маркази вилояти Хатлон
Дар рафти баргузории Аксия таҳти навоҳои мутантан аз «Шоҳнома» ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» пораҳо қироат карда шуданд. Ҷавонон пайрави Пешвои миллат будани худро дар рафти баргузории Аксия изҳор менамуданд. Дар фароварди Аксия А. Ализода, С. Қосимова ва Т. Наҷидуллоев раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба иштирокдорони фаъоли ин чорабинӣ Сипоснома ва туҳфаҳои таъсисдодаи ҳизбиёнро тақдим намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: