Ҳамасола санаи 8 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи маъюбон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бӯстон чорабинии бошукуҳ доир гардид.Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастурхони идона густурда шуда, ба онҳо дар маҷмӯъ ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ туҳфаҳои пулии Раиси вилояти Суғд тақдим гардид. Нахуст, Роҳбари вилоят ба онҳо саодатмандӣ ва сиҳатмандии комил таманно намуда, зикр карда шуд, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2015 дар назди ҷамъияти мазкур майдони футболи хурд ифтитоҳ гардида, барои сохтмони ин майдонча ва таъмири бинои ҷамъияти маъюбони шаҳр дар маҷмуъ беш аз 600 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.
Дар охир, маъюбон аз ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки барои рушди Тоҷикистони азиз ҳамеша саҳмгузор хоҳанд буд.