Даргузашти Субҳони Саид, овозхони шинохтаи тоҷик5-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
Субҳони Саид, хонандаи маъруфи таронаҳои эстрадӣ дар синни 56 даргузашт.
Бино ба иттилои наздикон, ӯ баъд аз зуҳри рӯзи 4 июл, баъди панҷ рӯзи дар беморхона бистарӣ будан, аз дунё чашм пӯшид. Маросими ҷанозааш соати 11:00-и имрӯз дар ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор дар назар аст. Субҳон Саид аз ҳунармандони шинохта ва пурмухлиси тоҷик буд, ки солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мебурд ва бар асари ин беморӣ як пойи худро ҳам аз даст дода буд. Субҳони Саидро дар баробари дигар ҳунармандони шинохтаи тоҷик аз қабили овозхонҳое медонанд, ки мактаби ҳунарии худро дорад. Ӯ моҳи сентябри соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, аз соли 1983 овозхонӣ мекард. Маҷмӯи таронаҳояш дар 10 албом гирд оварда шудаанд, ҳамчунин гуфта мешавад, сурудҳоеро, ки дар бистари беморӣ хондааст, ду албоми дигарро пурра хоҳанд кард. Субҳони Саид фаъолияти ҳунарияшро аз ансамбли "Ганҷина", зери раҳбарии Зафар Нозимов оғоз кардааст. Баъдан баробар бо Кароматуллоҳи Қурбон фаъолияташро дар эстрада идома дода, аз соли 1992 то соли 2008 раҳбари ансамбли эстрадии "Гулшан" мешавад. Дар солҳои аввали раҳбарӣ, ӯ тавонист, ки "Гулшан"-и маъруфро дигарбора фаъол намояд. Солҳои 2002-2003 Субҳон дар се давраи озмуни хонандагони эстрада ғолиб омада, "Ситораи сол" эътироф гардид. Моҳи июни соли 2011 вазорати фарҳанг ба Субҳони Саид ҷоизаи "Беҳтарин сарояндаи эстрада"-ро сазовор донист. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.