Президенти Аргентина аз Мессӣ хост, тими миллиро тарк накунад4-07-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Маурисио Макрӣ, президенти Аргентина ба гуруҳи мухлисоне, ки аз Лионел Мессии 29-сола, ҳамлагари мунтахаби футболи ин кишвар мехоҳанд, дастаи мазкурро тарк накунад, пайвастааст.
Президенти Аргентина гуфтааст, бо тими миллии футболи кишвараш ифтихор дорад ва Мессиро "беҳтарин футболбози ҷаҳон" хондааст. Вай барои расонидани ин ҳарфҳо шахсан бо Мессӣ тамос гирифта ва низ даъват кардааст, ки аз тими миллии Аргентина наравад. Қаблан футболбози машҳури Аргентина Диего Марадона ҳам аз Мессӣ хост, мунтахаби кишварашро тарк накунад. Лионел Мессии 29-сола, ҳамлагари мунтахаби Аргентина, баъди бохти дастааш дар "Ҷоми Аврупо-2016" ва бахусус баъди он ки натавонист аз ҷаримаи ёздаҳметрӣ тӯбро ба ҳадаф расонад, аз поёни карйерааш дар ин тим хабар дод. Ӯ гуфт, "барои ман дар мунтахаби Аргентина ҳама чиз тамом шудааст. Ин тасмими ман аст". |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.