
Ситораи футболи Аргентина ва клуби «Барселона»-и Испания Лионел Месси ба Муртазо Аҳмадӣ, як кӯдаки панҷ солаи афғон, ки ахиран бо исми «Месси»-и афғон машҳур шуд, як тӯби футбол ва ду либоси варзишӣ бо имзои худашро туҳфа равон кардааст.
Дар ин бора рӯзи 25 феврали соли равон Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони СММ (UNIСEF) хабар дода, аксҳои ин кӯдаки афғонро дар шабакаи интернет гузоштааст, ки либоси фиристодаи Лионел Мессиро ба бар кардааст. Ба иттилои ЮНИСЕФ, Лионел Месси тавассути дафтари ин созмон дар Ағонистон ба Муртазо Аҳмадӣ як тӯби футбол ва ду либоси варзишӣ яке аз тими миллии Аргентина ва дигари аз клуби футболи “Барселона”-и Испанияро бо имзои худ фиристодааст. Инчунин ЮНИСЕФ аз қавли Лионел Месси нақл мекунад, ки гуфтааст, ӯ ҳам хеле мехоҳад бо ин кӯдаки афғон мулоқот кунад. Муртазо Аҳмадӣ гуфтааст: «Мессиро дӯст медорам ва боварӣ дорад, ки Месси ҳам маро дӯст медорад».
Муртазо Аҳмадӣ, ки дар як деҳаи дурдасти вилояти Ғазнии Афғонистон зиндагӣ мекунад, бо он машҳур шуд, ки аз як халтаи салафанӣ ё пластикӣ барои худ либоси тими Аргентинаро дуруст карда, дар он номи Месси ва шумораи “10” – и ӯро бо қалами худкор ва бо ҳарфҳои англисӣ навиштааст.
Қаблан Федератсияи футболи Афғонистон хабар дода буд, ки бо ин ситораи футболи ҷаҳон иртибот барқарор намудааст ва дар талоши он аст, ки дар ояндаи наздик заминаи дидори Муртазоро бо Месси фароҳам намояд.
Ҳамлагари машҳури дастаи футболи «Барселона», ки соли гузашта бори панҷум «Тӯби тиллоӣ» баландтарин ҷоиза футболи ҷахониро дарёфт кард, аз зиндагии пур аз орзуи Муртазо тавассути шабакаҳои хабарӣ иттилоъ ёфта, дар Твиттери худ паём дод, ки мехоҳад ин кӯдакро пайдо карда, ба ӯ «футболка» – либоси ҳақиқии худро диҳад ва ҳам аз наздик меҳрубониаш кунад.
Дар гузашта хабаргузориҳои Афғонистон навиштанд, ки акси «Месси»-и селлофанпӯш»-ро бародари бузургаш Ҳумоюн бо телефони дастӣ гирифта, амакаш Азим Аҳмадӣ онро дар шабакаи интернет гузоштааст. Кӯдаки 5-сола халтаи селлофании сафед бо рахҳои кабудро, ки 10 пули афғонӣ (тақрибан 10-20 дирами тоҷикӣ), арзиш дорад, аз куҷое пайдо ва бо ёрии бародараш либос сохта ба бар кардааст.