Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мессӣ аз аргентина рафт

Мессӣ аз аргентина рафт

30-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
Мессӣ аз аргентина рафтҲамлагари мунтахаби Аргентина Лионел Мессии 29-сола, баъди бохти дастааш дар «Ҷоми Амрико-2016», ба хусус баъд аз он ки зарбаи ёздаҳметраро ба ҳадаф расонида натавонист, аз поёни карйерааш дар ин тим хабар дод.

Мунтахаби Аргентина рӯзи 26 июн бозиро бо Чилӣ бо ҳисоби 2:4 бохт. Лионел Мессӣ мегӯяд, дар давраи фаъолияташ дар мунтахаби Аргентина чаҳор бор дар «Ҷоми Амрико» рақобат карда, се бозиро бохтаанд. Соли 2014 мунтахаби Аргентина, ки Мессӣ низ дар ҳайати он буд, дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол бозиро ба мунтахаби Бразилия бохта буд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Франс-Пресс» Маурисио Макрӣ, президенти Аргентина аз Лионел Мессӣ даъват кардааст, ки дастаи кишварашро тарк накунад. Маркӣ шахсан ба Мессӣ занг зада гуфтааст, бо ӯ ифтихор мекунад ва дархост кардааст, ба танқидҳо гӯш надиҳаду яккачини кишварашро тарк насозад.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари президент инчунин мухлисон ва футболбози машҳури ин кишвар Диего Марадона низ аз Лионел Мессӣ даъват кардаанд, ки тими миллиро тарк насозад.

Дар пайи изҳороти ин футболбози машҳур, шаш бозигари дигар Гонсало Игуаин, Эсекел Лавессӣ, Лукас Биля, Анхел Ди Мария, Хавер Маскерано ва Серхио Агуэро низ гуфтаанд, дигар намехоҳанд дар ҳайати тими миллӣ бимонанд. Мессӣ аз соли 2005 дар ҳайати яккачини кишвараш бозӣ мекунад ва дар 113 дидор 55 гол задааст.

Лионел Мессӣ ҳоло ҳамлагари дастаи «Барселона»-и Испания ҳаст ва панҷ бор тӯби тиллоиро соҳиб шудааст. Рақибони аслии Мессӣ барои дарёфти ин ҷоиза дар соли гузашта Криштиану Роналдо, ҳамлагари дастаи «Реал»-и Мадрид ва дастаи мунтахаби Португалия ва Неймар, ҳамлагари дастаи «Барселона» ва дастаи мунтахаби Бразилия ба ҳисоб мерафтанд.

Тибқи гузориши Маркази байналмилалии таҳқиқоти варзишӣ – CIES, Лионел Мессӣ аз гаронбаҳотарин футболбози ҷаҳон маҳсуб шуда ва қимати ӯ 220 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар моҳи декабри соли гузашта хабарнигорони варзишии 54 кишвари аврупоии узви Федератсияи футболи Аврупо-УЕФА Лионел Мессиро футболбози беҳтарини Аврупо дар соли 2015 донистанд.
Алиҷон Ҷӯраев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: