Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Маркази “Ваҳдати оила” ба фаъолият оғоз кард

Маркази “Ваҳдати оила” ба фаъолият оғоз кард

1-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Маркази “Ваҳдати оила” ба фаъолият оғоз кард
Дар доираи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Маркази сайёрии «Ваҳдати оила» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии маркази занон «Гулрухсор» таъсис дода шуд. Мақсад аз ташкилёбии марказ агар аз як тараф ба таври ройгон расонидани хизматҳои ҳуқуқиву равонӣ (психологӣ) оид ба ҳалли муаммоҳои оилавӣ ва муроҷиати занон маҳсуб ёбад, аз ҷониби дигар, дар як вақт кормандони масъули КИ ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо метавонанад вохуриву мулоқотҳоро бо занони хонанишини маҳалҳо ва ҷамоату деҳотҳо васеъ ба роҳ гузошта, масъалаҳои мубрами руз ва иҷроиши қонунҳои амалкунандаро дар ҷойҳо баррасӣ ва назорат намоянд. Барои фаъолияти ин марказ мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва равоншиносӣ ва тамоми занони фаъоли ҷамоату деҳот ва маҳалҳои шаҳру ноҳияҳо ҷалб карда шудаанд. Зеро маҳз бо ёрии онҳо бо тарзи механизми нави корбарӣ, яъне «Пурсиши ҳавлӣ ба ҳавлӣ» ё «Гардиши хона ба хона» руйхати муроҷаткунандагон пешакӣ ба Марказ барои баррасӣ ва қабул пешниҳод карда мешаванд. Кормандони маркази сайёр ва тарғибочиёни марказ рузи гузашта фаъолияти худро дар Кумитаи маҳаллаи 1 майи шаҳри Хуҷанд амалӣ намуданд, ки аз натиҷаҳои назарраси марказ қаноатмандии муроҷиаткунандагон дарак медиҳад. Новобаста аз сайёр будани ин марказ инчунин занҳо метавонанд, барои ҳалли муаммоҳои шахсии худ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ё танзими муносибатҳои оилавӣ дар рузҳои қабул ҳар ҳафта рузи панҷшанбе аз соатҳои 9:00 то 16:00 ба шуъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кучаи Фирдавсӣ, 118 ва ё ба Маркази «Гулрухсор» воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кучаи Раҳмон Набиев 111 (бинои таваллудхонаи вилоятӣ) муроҷиат намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: