Қабули шаҳрвандон дар қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб30-06-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида ҳар рӯзи шанбе дар қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби вакилони маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр қабули шаҳрвандон баргузор мегардад. Дар рӯзи шанбеи навбатӣ вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботи Негнот №27 Ансорӣ Ҷасорати Бахтиёрхон ва сарвари КВД «Суғуртаи давлатӣ» Бобоев Р. 7 нафар шаҳрвандонро оид ба масъалаҳои таъминоти оби полезӣ, доир ба гирифтани ҷубронпулӣ пас аз рӯйдоди офати табиӣ аз идораи суғуртаи давлатӣ, расонидани кӯмаки моддӣ, дастгирии кӯдакони оилаҳои камбизоат ва барқарор намудани роҳ қабул намуда, оид ба ҳалли онҳо мусоидат намуданд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.