Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шарифзода Шариф Файз вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд интихоб гардид

Шарифзода Шариф Файз вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд интихоб гардид

24-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
Шарифзода Шариф Файз вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд интихоб гардид
Мувофиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд санаи 19 июн дар ҳавзаи интихоботии № 19 «Дониш» ба ҷойи вакили хориҷшуда интихоботи миёндаврӣ барои интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар хавзаи мазкур ду нафар номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Мувофиқи қарори ҳавзаи интихоботии мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва мудири боғчаи бачагонаи № 33 Муаттара Мамадҷонова ба рӯйхати овоздиҳӣ ворид карда шуда буд.

Чуноне, ки масъулини ҳавзаи интихоботии мазкур маълумот доданд, рӯзи гузашта дар ин ҳавза интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланди фаъолнокӣ доир гашта, бештар аз 90% сокинон-интихобкунандагон ширкат намуданд. Тибқи маълумоти сарчашмаи зикргардида бо 86,4% интихобкунандагони дар овоздиҳӣ ширкат дошта ба тарафдории иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз овоз доданд.
Бо Қарори ҳавзаи интихоботии № 19 «Дониш» Шарифзода Шариф Файз вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.
Лозим ба қайд аст, ки дар ҳавзаи мазкур 2 ҳазору 20 нафар шаҳрвандони интихобкунанда ба қайд гирифта шуда буданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: