Мо зидди нашъамандӣ30-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Дар маркази ноҳияи Бохтар бо ташаббуси тамоми роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Аксия таҳти унвони «Аз нашъамандӣ даст кашида ба варзиш машғул мешавем!» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагон аз раёсати Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони маркази наркологии вилояти Хатлон ва ҳамзамон раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии маводи нашъадор дар ноҳия Р. Давлатзода иштирок доштанд. Дар чорабинӣ ҷавонони ташаббускори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ намудани нашъамандӣ дар байни ҷавонону занон баромадҳо намуданд. Инчунин барномаҳои фарҳангӣ ва саҳначаҳои тарбиявӣ ва суруду рақсҳои ҷолиби диққат намоиш дода шуда, беҳтарин иштирокчиён бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.