Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Пешгирии ҳодисаҳои нашъамандӣ»

«Пешгирии ҳодисаҳои нашъамандӣ»

29-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
«Пешгирии ҳодисаҳои нашъамандӣ»
Дар маҷлисгоҳи Шӯъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди суистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он таҷлил гардид. Бо мақсади татбиқи амалии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баҳри коҳиш додани паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, истеъмоли ғайритиббии онҳо дар ноҳия мақомотҳои дахлдор тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Аз ҷумла дар ноҳия тадбирҳои зиёд, аз қабили тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, конфронсҳои амалӣ дар мавзӯъи «Фарди солим», ташкили мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ҷавонон рӯйи кор омаданд ва идома доранд.

Муовини аввали Раиси ноҳия Абдумалик Ҳодиев баромад намуда, қайд кард ки алҳол қарори Раиси ноҳия аз 05-04-2016 таҳти №154 «Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар» ба тавсиб расонида шуда, баҳри иҷроиш дастраси масъулин гардонида шуд. Мақсад аз қабули қарори мазкур бо гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ муайян намудани самтҳои афзалиятноки пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор, муомилоти ғайриқонунӣ, мубориза ба муқобили паҳншавии маводи мухаддир ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият баҳри пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб фаъолият бурда истодаанд.

Дар охир барномаи фарҳангию фароғатии аҳли ҳунари ноҳия ба манзури меҳмонон ва иштирочиёни чорабинӣ пешниҳод карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: