Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Беш аз 300 кило маводи мухаддир ба коми оташ рафт (акс)

Беш аз 300 кило маводи мухаддир ба коми оташ рафт (акс)

27-05-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Беш аз 300 кило маводи мухаддир ба коми оташ рафт (акс)Имрӯз, 27 май дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як миқдор маводи нашъаовар ба коми оташ кашида шуд.

Дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои хириҷӣ, дар бухории махсуси ин идора 374 килограмму 045 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла, 16 кг 452 гр маводи сахттаъсири героин, 161 кг 699 гр афюн, 107 кг 511 гр ҳашиш, 88 кг 376 гр бангдона ва 21 ҳабби МДМА аз рӯи 31 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуд.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода иброз намуд, ки маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардидаанд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сардори шуъбаи робитаи бо ҷомеаи ин Агентӣ зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфт, аксарияти маводҳое, ки имрӯз ба коми оташ кашида шуданд, соли гузашта мусодира шуда буданд. Давоми 5 моҳи соли равон аз тарафи кормандони ниҳодҳои дахлдор 1 тоннаву 694 кг маводи нашъаовар мусодира гардидааст.

Номбурда инчунин зикр намуд, ки давоми 15 соли охир дар бухории Агентӣ зиёда аз 15 тонна маводи нашъаовар бо роҳи сузондан несту нобуд карда шудааст.
И.Тоҳир
Беш аз 300 кило маводи мухаддир ба коми оташ рафт (акс)
Беш аз 300 кило маводи мухаддир ба коми оташ рафт (акс)
Беш аз 300 кило маводи мухаддир ба коми оташ рафт (акс)
Беш аз 300 кило маводи мухаддир ба коми оташ рафт (акс)
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: