Тоҷикистон зидди маводи мухаддир!18-09-2015, 05:10
Хабарро хонданд: 454 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори тобистонаи Боғи фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа, ба номи Р.Мурчаев, чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ таҳти унвони “Тоҷикистон зидди маводи мухаддир” баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Прокуратураи Генералии Кореяи Ҷанубӣ ва дастгирии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”, шуъбаи маориф ва илми шаҳр доир карда шуд.
Дар ин чорабинӣ устодон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштироки фаъолона намуда, дар мусобиқаҳои байни мактаббачагон, аз ҷумла вазнбардорӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ, расмкашӣ лаёқати худро нишон доданд. Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии омоданамудаи ҳайати тадорукотро дар маросими тантанавӣ супориданд. Дар ҷамъбаст кормандони шуъбаи фарҳанги шаҳр ва дастаҳои ҳаваскори муассисаҳои таълимӣ бо рақсу сурудҳои дилнишин ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ хотири иштирокчиён ва меҳмононро шод намуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.