Ҳамоиши бонувони ёвонӣ21-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
Дар партави ҳамоиши бонувони ҳизбӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон санаи 2 июни соли равон таҳти унвони «Нақши занони даврони Истиқлолият дар рушду нумӯи Тоҷикистон» бахшида ба ҷашнҳои 19- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён баргузор гардида буд, дар ноҳияи Ёвон низ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бонувони фаъоли ноҳия ҳамоиши бонувони ёвонӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур бештар атрофи дастовардҳои 25-соли соҳибистиқлолии кишвар дар ҳаёти занон ва дастоварди нодири миллат 19-солагии Ваҳдати миллӣ суханронӣ ва маърӯзаҳо карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.