Ҳамоиши бонувони ҲХДТ бахшида ба «Соли оила» таҳти унвони «Оила-макони меҳру муҳаббат»30-10-2015, 20:00
Хабарро хонданд: 645 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи дастуру супоришҳои Сардори давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вобаста ба «Соли оила» эълон гардидани соли 2015 дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ҳамоиши бонувони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба «Соли оила» таҳти унвони «Оила – макони меҳру муҳаббат» бо иштироки бонувони фаъоли ҲХДТ аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор гардид. Иштирокдорони ҳамоиш ба чор гуруҳ ҷудо шуда, ба ноҳияҳои Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар карда шуда, бо кору фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, оилаҳои намунавии маҳаллаҳо ва бо рӯзгори чеҳраҳои шинохтаву собиқадорони меҳнат аз наздик шинос шуданд. Баъдан аз ҷойҳои таърихиву дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Иштирокдорони ҳамоиши мазкур дар бинои боҳашамату замонавии 25 ошёнаи «Душанбе-Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷамъ омада, аз он дидан намуданд. Сипас Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкаткунандагони ҳамоишро ба ҳузур пазируфта, зимни вохӯрии самимона иштирокдоронро бо дастовардҳои ҳизбиёну вазифаҳои навбатии сокинони пойтахт шинос намуд. Нимаи дуюми рӯзи 30-уми октябри соли ҷорӣ дар бинои «Душанбе-Плаза» мизи мудаввар бахшида ба «Соли оила» таҳти унвони «Оила – макони меҳру муҳаббат» доир карда шуд. Дар мизи мудаввар Хидирзода Махфират раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷониён Раънохон муовини Раиси ҲХДТ, Ҷамила Лангариева муовини раиси шаҳри Душанбе, Ҷамшед Саидов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Саида Зикаева номзади илми филология, дотсенти кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Нусратулло Зокиров мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ширкат ва баромадҳо карда, мавқеъ ва вазифаҳои занро дар ҷомеа, мустаҳкамии оила баланд арзёбӣ намуданд. Дар ҳамоиши бонувони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат дошта, фикру андешаҳои худро оиди мавзуъҳои дар боло зикргардида иброз намуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.