Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳамоиши фаъолзанони ҳизб

Ҳамоиши фаъолзанони ҳизб

18-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 311 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиши  фаъолзанони ҳизб
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ноҳия бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ 19-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бонувони ҳизбӣ таҳти унвони «Нақши занони даврони истиқлолият дар рушду нумӯи Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш фаъолзанон, ҷонибдорони ҳизб аз ҷумлаи омӯзгорон, табибон ва фаъолзанони шаҳраку деҳот ширкат варзиданд.

Раиси Шӯрои занони мақомоти иҷроия Усмонова Қ. ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдорони ҳамоишро бо ҷашнҳои пурифтихори миллат 19-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ҳамагонро барои пешрафти ҷомеа, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, баланд бардоштани маърифати онҳо, омӯзонидани касбу ҳунар ва саҳм гузоштан дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуд.

Дар давоми ҷамъомад меҳмонон ва занони фаъоли деҳот баромад намуда, аз ҳаёти ибратомӯзи худ нақлҳо намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки рисолати муқаддаси худро бо сарбаландӣ иҷро карда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақшу мақоми бонувону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Қисми дуюми ҳамоиш бо баромади театрикунонидашудаи духтарони омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва омӯзгории ноҳия аз ҳаёти имрӯзаи ҷавонон идома ёфт.

Баҳри болида гардонидани хотири иштирокдорони ҷамъомад дастаи ҳунарии Қасри фарҳанг бо барномаи консертии ҷолиб баромад намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: