Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Спартакиада ҷамъбаст гардид

Спартакиада ҷамъбаст гардид

3-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Спартакиада ҷамъбаст гардидДар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи ноҳия бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду рӯз спартакиадаи кушоди ноҳиявии бонувон баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур дар толори ташкилоти ибтидоии Навкент баргузор шуда, аз деҳаҳои ноҳия ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 120 нафар бонувони варзишгарро гирд овард. Қувваозмоии бонувони варзишгар аз рӯи се намуди варзиш – волейбол, шахмат ва тенниси рӯимизӣ сурат гирифт. Дар маросими ифтитоҳи спартакиада дар баробари варзишгарони шаҳру ноҳияҳо, бонувони фаъоли деҳаҳо ширкат варзиданд. Мақсади чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарғибу ташвиқи варзиш байни бонувон ба ҳисоб мерафт. Онро 8 нафар доварони пуртаҷриба назорат карданд. Ғолибон аз рӯи даставӣ муайян шуданд. Сазовори ҷои аввал дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷои дуввум дастаи ноҳияи Спитамен ва ҷои сеюм дастаи Темурмалики ноҳияи Шаҳристон дониста шуданд. Дастаҳои ғолиб бо ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ва медалу мукофотҳо сарфарозонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: