Шукри сулҳу шукри ваҳдат мекунем18-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Мо бонувон дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун имрӯз ба он мақсад ҷамъ омадем, ки 19-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовеҳо пешвоз гирем. Боиси қаноатмандист, ки зани тоҷик нерӯи равшанибахши хонадон, мураббии нахустини фарзандон ва нигоҳдорандаи сафои зиндагӣ мебошад.
Мо занону модарони ноҳия шукронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем. Шукрона мекунем, ки бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст. Воқеан занони тоҷик имрӯз аз хушбахтарин занон мебошанд, ки аз баракати истиқлолият дар фазои сулҳу оромӣ ба тарбияи насли ояндасоз машғуланд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.