Файзи Истиқлол аз Ваҳдат аст17-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар дар байни занону духтарон мулоқотҳо бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва суботу оромӣ, ки бо талош ва ҷоннисориҳои сарвари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ба даст омадааст, бахшида ба 19-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо гузаронида шуда истодаанд.
Зимни вохӯриҳо занону духтарон ифтихор аз он мекунанд, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург аз ин имконот ва неъматҳои худод истифода бурда худро наҷот дода тавонист. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.