“Маяковский” дар Шаҳристон13-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” бо мақсади тағиботу ташвиқот мубориза бар зидди бемории сил аз театри ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе як гурӯҳ актёрон бо роҳбарии Шоназаров Некқадам, Мустафоев Хуршед, Раҳматуллоев Шуҳратшо, Гасанова Меҳрангез, Наҷмуддинова Мавлона ташриф оварданд.
Дар толори ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” як саҳнача дар ин масъалаи мазкур гузошта, иштирокчиёнро ба эҳтиёти аз ин бемори ҳушдор намуданд. Дар толори ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” зиёда аз 100 нафар барои тамошои ин ҳунарҳои саҳнавии актёрон иштрок намуда, Ба актёрон, барои намоиш додани маҳорати касбиашон мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Примқулова Зебо миннатдории тамоми мардуми Шаҳристонро расонид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.