Туҳфа ба “Ғунча”2-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Омӯзгор” дар кӯдакистони “Ғунча” як чорабинии фарҳангию фароғати бо иштироки тарбиятгирандагони кудакистони мазкур баргузор шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки 1-уми июн дар тамоми гушаю канори на фақат кишвари азизамон балки дар тамоми ҷаҳон рӯзи байналхалқии ҳифзи кудакон қайд карда мешавад. Аз ин рӯ дар ноҳияиШаҳристон низ ин чорабини дар кудакистони «Ғунча» бо шиору овезаҳо, гулҳои рангоранг, кашидаву гулдузиҳои миллӣ оро дода шуда, бо як шаҳомати хоса баргузор гардид. Мураббиён ва кудакон бо чеҳраҳои хандон меҳмононро пазироӣ намуданд. Сараввал мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Буриев А. баромад намуда кудакони дустрӯякро бо идашон табрик намуд. Аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мудири шуъбаи кор занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Примқулова Зебо баромад намуда, туҳфаҳои хотиравӣ супорид. Аз тарафи кудакон ва мураббияҳо намоишҳои хело аҷоибу ғароиб барои меҳмонон намоиш дода шуд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.