Маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод13-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади амалӣ намудани қарорҳои раисони вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом бобати мусобиқаи ҷумҳуриявии «Маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» тадбирҳои мушаххас андешида мешавад ва дар ин раванд дар ҳудуди шаҳр корҳои ободонӣ идома дорад.
Ташкили чунин озмунҳо аз тарафи кормандони МИҲД ва КИ ҲХДТ бошандагони маҳаллаҳоро ба ободониҳо ҳидоят менамояд. Бо руҳбаландӣ, бо ҳисси он ки ба макони зисти худ доранд, ба маҳалла таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, барои ободонӣ камар бастаанд. Бо ин мақсад мумфарш ва чароғон кардани роҳҳои якчанд маҳаллаҳо, рангубори майдончаҳои кӯдакон ба роҳ монда шуда, соҳибкорони маҳаллӣ, саховатмандон ба ин тадбирҳо даст зада истодаанд. Аз ҳисоби маблағи худфаъолияти ҷамъиятии шаҳраки Ҷавонон 30 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, 2 км роҳ мумфарш гардид. Соҳибкори маҳаллӣ, сокини кӯчаи Усмонбек Равшан Азизов иқдом пеш гирифта, роҳҳои маҳалли зист ва атрофи онро мумфарш кард, ки боиси хушнудии сокинони маҳал гардид. Чунин иқдомҳо шоистаи дастгириву пайравӣ буда, дар дигар маҳалҳо низ байни бошандагон пайравони худро пайдо намуда истодааст. Мутобиқ ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом мусобиқаи шаҳрии оилаи намунавӣ ва хонаи намунавӣ дар моҳҳои апрел-май гузаронида шуд. Аз ҷониби комиссия муайян гардид, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот дар ин самт барои иштирок дар мусобиқа омодагӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар мусобиқа тамоми сокинони шаҳри Конибодом ва кумитаҳои маҳаллӣ, деҳаҳо ва ҷамоатҳои деҳот фаъолона ширкат варзиданд. Дар озмуни «Оилаи намунавӣ» оилаи Кимсановҳо аз ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов беҳтарин дониста шуд. Ҷойи дуюм оилаи Шукуровҳо аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон ва ҷойи сеюм насиби оилаи Холматовҳо аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ гардид. Дар озмун «Хонаи беҳтарин» ҷойи аввал насиби хонаи Ғиёсов Наримон аз ҷамоати деҳоти ба номи Ғ Ортиқов, ҷойи дуюм хонаи Муродов Рустам аз ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев, ҷойи сеюм хонаи Юсуфовҳо аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон гардид. Дар озмун «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи «Ҷавонон» сазовори мақоми аввал гардид. «Деҳаи беҳтарин» деҳаи Диловарони ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов дониста шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.