Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Синдзо Абэро зимни сафар ба Тоҷикистон намояндагони 50 ширкат ҳамроҳӣ мекунанд

Синдзо Абэро зимни сафар ба Тоҷикистон намояндагони 50 ширкат ҳамроҳӣ мекунанд

22-10-2015, 14:10
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
Синдзо Абэро зимни сафар ба Тоҷикистон намояндагони 50 ширкат ҳамроҳӣ мекунандНахуствазири Ҷопон Синдзо Абэро зимни сафари панҷрӯза ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз оғоз гардида, то 27 октябр идома меёбад, намояндагони 50 ширкатҳои ин кишвар ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, зимни боздид аз ҳар як кишвар дидору гуфтушунидҳои Синдзо Абэ бо сарони ин кишварҳо, ҳузур дар ҳамоишҳои тиҷоратӣ бо иштироки соҳибкорони маҳаллӣ ва имзои изҳоротҳои муштараку санадҳо дар назар аст.
«Ин сафарро бидуни шубҳа таърихӣ метавон ном бурд. Пас аз Муғулистон нахуствазир ба Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон раҳсипор мешавад. Боздид аз Туркманистону Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустин сафари расмии раиси ҳукумати Ҷопон ба ин кишварҳо маҳсуб меёбад», - хабар додаанд ба РИА Новости аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, нахуствазири Ҷопон рӯзи 24 октябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони воломақоми расмии кишвар дидору гуфтушунид мекунад.
Тибқи маълуомти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ҷопон ҳудуди 8,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5,5% зиёдтар аст. Дар муомилоти молӣ тӯли ин давра миёни кишварҳо беш аз 6,8 млн. доллари ИМА ба воридоти маҳсулот аз Ҷопон ба Тоҷикистон рост меояд.
©news.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: