Тибби хусусӣ рушд меёбад8-10-2015, 10:30
Хабарро хонданд: 525 нафар
Назарҳо: 0
![]() Давлатҷон Ҳабибов, сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки имрӯз зарурати саҳмгузории соҳибкорон дар аксари соҳаҳо ба миён омадаву дар пешрафти кулли соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми онҳо назаррас аст. Раиси Ассотсиятсияи фарматсевтони Тоҷикистон Раҳматулло Маҳмадов иброз дошт, ки ҷиҳати рушди истеҳсоли дорувории ватанӣ танҳо дар 5 соли охир аз ҷониби 9 ширкати ватанӣ ба маблағи зиёда аз 70 млн сомонӣ барои хариди таҷҳизот ва сохтмону таъмири биноҳо харҷ гардида, истеҳсоли зиёда аз 124 номгӯи маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар кишвар ба роҳ монда шудааст. Дар ин корхонаҳо зиёда аз 300 нафар мутахассисон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардида, дар вақти корҳои мавсимӣ шумораи онҳо ба 1500 нафар мерасад. Бино ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи тибби хусусии Тоҷикистон Абдушафеъ Ҳоҷиев имруз аз ҷониби Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба тибби хусусӣ ва рушди он диққати хоса дода мешавад. Дар баробари ин мутахассисони дар ин самт фаъолиятдошта низ саҳми сазовори худро дар беҳдошти сиҳатии мардум ва расонидани хизмати босифати тиббӣ мегузоранд. Пайдо шудани муассисаҳои хусусии ташхисию табобатӣ, зиёд гашатни шумораи онҳо рақобати солимро ташкил дода, ҳар як муассиса мекушад сифати хизматрасониашро беҳтару хубтар ва ба стандартҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонад. © www.health.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.