Ташаббуси наҷиби ҳизбиёни вилояти Хатлон6-06-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
Бо қарори Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 22 январи соли 2016 дар вилоят Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» баргузор гашта истодааст.
Тибқи Низомномаи ин Аксияи ҳизбӣ чорабинии фарҳангиву сиёсии мазкур бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати ниёгон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан амалӣ гашта истодаанд. Аз ҷумла ҳадафҳои асосии Аксия: - боз ҳам наздиктар ба мазмуну муҳтавои ин шоҳасарҳо шинос намудани шаҳрвандон, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву худшиносӣ ва омодасозии онҳо барои ҳифзи пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз; - таваҷҷуҳи мардум, хусусан ҷавононро ба он маънӣ ҷалб кардан, ки агар «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузург нома ба шоҳи барои миллати тоҷик бегона буд, пас китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» номаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба халқи худ мебошад; - мусоидат намудан ба фаъолгардонии раванди китобхонии шаҳрвандон, хусусан китобҳое, ки барои ватандӯстиву худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ даъват менамоянд ва фаъолтар гардонидани кори китобхонаҳо, ба ҳисоб мераванд. Аксия аз моҳи феврал оғоз ёфта, то моҳи сентябри соли 2016 идома меёбад ва дар се марҳала баргузор гардида, дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад. То имрӯз марҳалаи аввал ва дуюми Аксияи мазкур дар сатҳи корхонаву муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор шуданд. Даври сеюм, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузашта истодааст, дар арафаи анҷомёбист. Дар марҳалаи ниҳоӣ, ки дар маркази вилоят рӯзҳои ҷашнгирии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад гузашт, беҳтарин ровиён ва ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳо, ки ғолибони озмунҳои Аксияи мазкур дар маҳалҳо буданд, даъват гардида, ғолибони сатҳи вилоят маълум ва қадршиносӣ мегарданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.