Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эҳтиёт – ними ҳаёт

Эҳтиёт – ними ҳаёт

3-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 346 нафар
Назарҳо: 0
Эҳтиёт – ними ҳаёт
Ҷабр макун ба ҷони худ

Гузаштагонамон тани сиҳатро беҳтарин неъмат шумурда, расидан ба қадри онро ҳамеша таъкид намудаанд. Чунончи, орифе фармудааст: Аз муфлисӣ манол чу дорӣ тани дуруст,

Нашнидаӣ, ки неъмати сиҳат ғанимат аст?

Инсон бо таъсири муҳити зист, сироятёбӣ, асабоният, камғизоӣ дигаргуншавии иқлим ва зарбу лат хӯрдан ба бемориҳои гуногун гирифтор мешавад. Солҳои охир бинобар зиёдшавии теъдоди нақлиёт ва сари чанбарак нишастани ронандагони ҷавону камтаҷриба шумораи садамаҳои нақлиётӣ зиёд ба назар мерасад. Чунончи, моҳи майи соли равон сокини 24-солаи пойтахт ҳангоми аз самти кӯчаи Фирдавсӣ ба тарафи кӯчаи Қосимова рафтан аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба симчӯби оҳанини канори роҳ бархӯрд. Дар натиҷаи ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифтан номбурда зимни ба беморхона бурдан ба ҳалокат расид.

Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ чанде пеш ронандаи автомашинаи тамғаи «Форланд», ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди шаҳри Норак аз беэҳтиётӣ ба девори бетонӣ бархӯрд. Дар натиҷаи садама мусофири автомашинаи мазкур, сокини 31-солаи пойтахт ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Баъзе ронандагон дар минтақаҳои аҳолинишин бо суръати баланд ҳаракат намуда, ҳолати садамавӣ ба миён меоранд. Масалан, сокини 27-солаи шаҳри Истаравшан ҳангоми бо автомашинаи тамғаи «Омег-Зефира» аз кӯчаи Гули Сурхи ҳамин шаҳр ҳаракат намуданаш бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, духтарчаи 6-соларо пахш намуд. Дар натиҷаи ҷароҳати вазнин гирифтанаш кӯдак дар беморхона ба ҳалокат расид.

Аз рӯи маълумоти Раёсати БДА-и ВКД-и ҷумҳурӣ дар се моҳи соли равон бо иштироки ноболиғон 76 садамаи нақлиётӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷаи онҳо 19 нафар ба ҳалокат расида, 63 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар бехатарии роҳ ҳам ронандагон ва ҳам пиёдагардон масъуланд. Баъзан кӯдаконеро мебинем, ки аз фориғболии волидайн истифода бурда, дар кӯчаву хиёбон ва роҳҳои мошингард ба велосипедсаворӣ ё футболбозӣ машғуланд. Баъзан тӯб ба роҳи мошингард рафта, боиси даступогумкунии ронандагон мешавад. Ё кӯдакон саргарми бозӣ беихтиёр аз роҳ медаванд, ки сабаби саросема шудани ронандагон мегардад. Аз ин рӯ, волидайнро лозим аст, ки дар ин бобат фарзандонашонро таъкид намоянд. Дар пеш таътили тобистона аст. Аз ин рӯ, ҷои истироҳату бозии кӯдаконро мушаххас бояд кард. Зимни гузаштан аз роҳ танҳо аз ҷойҳои муайяншудаю бехатар убур намудан лозим аст.

Дидаву дониста қоидаи бехатарии роҳро вайрон кардан ҳам барои ронандагон ва ҳам барои пиёдагардон ҷабр ба ҷони худу дигарон аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Эҳтиёт – ними ҳаёт».
С. Суннатӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: