Меҳнати ҷисмонӣ рафъӣ афсурдагист19-05-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Мусаллам аст, ки самаранокии фаъолияти ҳар кадоми мо аз вазъи руҳиву ҷисмонӣ бастагии қавӣ дошта, нафаре ки ин ё он амалро маҷбуран ва ё бо дили нохоҳам ба иҷро мерасонад, аз натиҷаи меҳнати худ қаноатманд несту атрофиён кори ба иҷро расонидаро бо хушӣ қабул карда наметавонанд. Бино бар натиҷаи фаъолияти коршиносон дар вазъи кунунӣ, ки қариб аксари кишварҳои оламро буҳрон фарогир аст 80% сокини сайёра аз афсурдаҳолӣ азият мекашад.
Агар яке мондашавии худро бо алкгол рафъ созад, дигаре ба ягон навъи бозӣ, тамошои киносериал ва ё шуғли дигар рафъ менамояд. Гурӯҳе сайру гашт, тоифаи дигаре фатҳи қуллаи кӯҳро ихтиёр менамоянд. Хулоса сареву савдое. Ҳар кадом роҳи раҳоӣ аз мондашавии фикриро пайдо менамояд. Хуб мебуд, агар ҳама ба мақсад мерасиданд. Ҳаёт собит менамояд, ки на ҳар муродталаб ба мурод мерасад. Ва ин олимонро водор намуда, ки баҳри раҳоӣ аз афзурдахотириро дарёфт намоянд. Гурӯҳе даъво менамоянд, ки онро ёфтаанд. Оё медонед аз куҷо? Аз зери по. Аҷоиб! Бале, бале. Агар хоҳед, ки табъи шумо хуш бошад, дар полези наздиҳавлигии худ ба корҳои заминӣ машғул шавед, таъкид менамоянд, олимони универститети Бристоскии Британияи кабир. Таҷрибаҳои илмии дар бадани мушҳо гузаронидашуда собит менамояд, ки микроорганизми Mucobacterium vaccae масъунияти баданро афзун намуда, табъро хуш месозад. Ин бактерия аллакай аз ҷониби табибон барои пешгирии бемориҳои сил ва табобати атсма ва саратон тавсия дода мешавад. Баъди натиҷаҳои мусбӣ олимони универтитети Бристолск бовар доранд, ки ин микроорганизм барои рафъи афзурдаҳолӣ низ мусоидат карда метавонад. Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.