Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷавонон ба китоби «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» рӯ меоранд

Ҷавонон ба китоби «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» рӯ меоранд

2-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонон ба китоби «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» рӯ меоранд
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар Аксия муовини раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидов Орзу, ховаршинос Зафари Мирзоён, мудири шӯъбаи маорифи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Раҳмонов Абдулманон, устоди Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионии ш. Кӯлоб Нозим Талаб, директори китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Обидов С ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханрони карданд.

Зимни баромади устодону донишмандон қайд гардид, ки ду шоҳасар «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ҳамчун шиносномаи миллат ба шумор рафта, моро ба гузаштаи миллати худ шинос намуда ба ҳозира ва ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад. Аз ин лиҳоз аз иштирокчиёни Аксия даъват ба амал оварда шуд, ки ин ду шоҳасаро бештар омӯзанд.

Баъд аз баромадҳо хонандагони ин муассиса қироати шеърҳо аз китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, баромадҳо аз рӯи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва намоиши достони «Рустам ва Суҳроб» пешкаши аҳли толор гардида, аз тарафи устодон баҳои баланд дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: