«Ҷашни ёдбуди фарзанди фарзона»31-05-2016, 12:04
Хабарро хонданд: 439 нафар
Назарҳо: 0
Шоми гузашта дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №16 ноҳияи Деваштич маҳфили ёдбуд бахшида ба 95-солагии ходими намоёни ҳизбию давлатӣ Аҳмадҷон Шарофов баргузор гардид.
Маҳфил бо суханронии Раиси ноҳия, узви КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич мӯҳтарам Р.Ҷӯразода ифтитоҳ ёфт ва қайд гардид, ки имрӯз гул-гулшукуфӣ ва ободии ноҳия аз замони роҳбарии Аҳмадҷон Шарофов оғох ёфтааст. Дар поён фарзанди ин шахси маълуму машҳур, профессор Шавкат Шарофов барои чунин қадршиносӣ арзи сипос намуда ба чанд нафар фаъолон аз ҷумла ба омӯзгори пешқадами ноҳия Ҳ.Яҳёев туҳфаю идрорпулиро аз номи қиблагоҳаш тақдим намуд. Инчунин маҳфили ёдбуд бо мусобиқаи футбол барои гирифтани ҷоми Аҳмадҷон Шарофов тавъам буд, ки дар онҷо 8 дастаи таълимгоҳҳои ноҳия қувваозмоӣ карданд. Ҷойи аввал насиби дастаи футболбозони МТМУ№1 ва ҷойи дуюм насиби варзишгарони МТМУ№16 гардид. Футболбозони беҳтарин ва дастаҳои ғолиб аз ҷониби Шавкат Шарофов, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва НТҶҶ «Созандагони Ватан» қадршиносӣ гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.