Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод”

Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод”

30-05-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод”
Дар кори маҷлиси умумии ғайринавбатӣ Сиддиқ Саидалӣ Раҷаббалӣ Директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изатуллои Ҳабибзод мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Дӯстзода Афзалшо мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Бақозода Сайрам муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маҷлиси умумии ғайринавбатиро Бақозода Сайрам муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод” ифтитоҳ намуда, ёдовар шуд, ки аз сабаби ба дигар кор гузаштани раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод” Қосимӣ Заробиддин имрӯз маҷлиси умумии ҳисоботӣ-интихоботӣ даъват карда шудааст.

Мавсуф оиди корҳои анҷомдодаи ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки ташкилоти мазкур дар асоси нақшаи корӣ ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоилим Сомонӣ фаъолияташро ба роҳ монда то ин муддат дар доираи он корҳои муайянеро амалӣ намуд. Гуфта шуд, ки яке аз маъракаҳои муҳим ин обуна ба нашрияҳои ҳизбии Минбари халқ ва Мароми пойтахт мебошад, ки аъзоёни ташкилот аз иҷрои нақшаи ба зимаашон гузошта шуда саривақт баромаданд. Ҳамчунин дар ин давра корҳои таблиғотӣ байни кормандон бурда шуда, зиёда аз 10-нафар кормандон аз ҳисоби ҷавонон дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҳизб пайвастанд. Дар идома зикр карда шуд, ки вобаста ба санаҳои таърихию касбӣ аз ҷониби ташкилот бо дастгирии роҳбарияти АМИТ “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Дар идомаи ҳисобот гуфта шуд, ки вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳамоиш доир карда шуд ва ба ҳамаи аъзои ҳизб моҳияти Паём фаҳмонда шуд.

Дар идомаи маҷлис тибқи рӯзномаи маҷлис номзадии Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ барои интихоб шудан ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод” пешбарӣ карда шуд. Бо ҷонибдории ҳамаи аъзои ҳизби ташкилот Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод” интихоб карда шуд.

Раиси тозаинтихоби ташкилот дар назди аъзои ҳизб суханронӣ намуда, аз боварии аъзои ҳизб барои интихоб кардани у ба ин вазифаи ифтихорӣ изҳори миннатдорӣ намуд ва бо боварии зиёд иброз дошт, ки тамоми таҷриба ва неруяшро баҳри пешбруди корҳои сиёсӣ ва баланд бардоштани нуфузи ташкилот равона мекунад.

Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод” дар идомаи суханронии худ оиди пойдории сулҳу ваҳдат дар сартосари кишвар, талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар ободонии кишвар, мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат ёдовар шуд.

Ба иттилои Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод” омодагиҳои кормандон ва аъзои ҳизби ташкилот ба мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб буда, тасмим доранд, ки ин ҷашни бузурги миллиро дар сатҳи баланд ва дастовардҳои назаррас баргузор намоянд.
Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод”

Изатуллои Ҳабибзод мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз фаъолияти Қосимӣ Заробиддин собиқ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод” изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки шахсият ва корҳои анҷомдодаи у барои роҳбарияти нави ташкилот намунаи ибрат ва таҷрибаи хуби пешбурди корҳои сиёсӣ хоҳад буд. Мавсуф барои идомаи фаъолият ба роҳбарияти нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод” комёбиҳо таманно намуд.

Дар фаромади маҷлиси умумии ғайринавбатӣ ба 10-нафар кормандони АМИТ “Ховар” и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда ба сафи ҲХДТ пайваста буданд, дар фазои тантанвӣ билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: