Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Забонро поку беолоиш нигоҳ дорем!

Забонро поку беолоиш нигоҳ дорем!

5-10-2015, 16:00
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
Забонро поку беолоиш нигоҳ дорем!Рӯзи 5-октябр дар кӯдакистони №45 вохӯрӣ бо ҳайати мураббиён ва кормандони ин боргоҳи таълиму тарбия доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур Изатуллои Ҳабибзод, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Наргис Шарипова, мудири кӯдакистони №45 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ оид ба таърихи забони ноби тоҷикӣ, васфи ашъори бузургон ва поку беолоиш нигоҳ доштан сухан рафт.
Гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои рӯи олам буда, бисёр ширину гуворост. Бузургони мо ба мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камоли Хуҷандию Соиби Табрезӣ, Бедилу Ҷомӣ, Айниву Турсунзода бо ин забон ашъор эҷод кардаву нақшу ҷойгоҳи ин забонро дар садри забонҳои қадимаи дунё ҷойгузин намудаанд. Вазифаи мо, насли бузург аст, ки ба насли наврасу ҷавон доир ба бузургии ин забон ва пойдории забони миллӣ маълумот диҳему муҳаббати онро дар дили ҷавонон парвариш намоем.
Дар вохӯрӣ бо таассуф аз поймол кардани эътибори забони тоҷикӣ, дар симои овезаҳои номҳои мағозаҳо ва дигар муассисаҳои хусусӣ сухан карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба 16 нафар корманди муассиса шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: