«Табассуми кӯдакон» дар шаҳри Ваҳдат28-05-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Ба муносибати рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Субҳи имрӯз бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аксияи «Табассуми кудакон» бахшида ба 1-июн «Иди байналхалқии муҳофизати кӯдакон» бо иштироки 164 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакони ширхоргоҳ – кӯдакистони №1 “Лола” гузаронида шуд. Мақсади гузаронидани ин чорабинӣ ҷалб намудани ҷомеа ба ҳалли мушкилоти кӯдакон ва хусусан ба ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо равона карда шуда буд. Аз тарафи ташкилкунандагон ба меҳмонон ва иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва ахбороти лозима оид ба Конвенсияи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тақсим карда шуд. Зеро Тоҷикистон низ яке аз давлатҳое мебошад, ки ин конвенсияро дастгирӣ ва қабул кардааст.
Дар ин аксия раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва соҳибкорони фаъоли аъзои ҳизб иштирок намуда, гузарондани ин чорабиниро дастгирӣ намуданд. Барои ҳар як кӯдак аз тарафи соҳибкорон, шахсони хайрхоҳ, ташкилоти «Ёрирасон», шуъбаи маорифи шаҳр туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Дар аксия кӯдакон бо шеъру суруд, рақсу бозӣ ва бо саҳначаҳои гуногун маҳорати худро нишон доданд. Дар анҷом аз тарафи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои гузаронидани чунин як чорабинӣ ва дастгирии сиёсати давлат нисбати гамхории кӯдакон, алалхусус ятимону бепарасторон бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. Қобили зикр аст, ки шоми имрӯз дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонии шаҳр аз ҷониби санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи консертӣ бахшида ба ин санаи муҳим доир мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.