Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар роҳи пойдории кишвар

Дар роҳи пойдории кишвар

27-05-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Дар роҳи пойдории кишварБо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли ҷорӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ баъзе тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Албатта ҳар як ташаббус ва гомҳои накӯ мақсаду маром ва зарурияти худро доранд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, босуръат рушд мекунад. Ин рушди устувор ва тағйиру таҳаввулот ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари мо бетаъсир буда наметавонад, зеро Тоҷикистон узви фаъоли он аст. Аз ин рӯ санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Конститутсия бояд ба чунин дигаргуниҳо мутобиқ ва ҳамқадам бошанд. Зеро онҳо наметавонанд ба раванди ҷомеа дар мухолифат бошанд. Гузашта аз ин, тайи солҳои охир Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи ҳаёт пешравиҳои ҷиддӣ кард. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё дар таҳрири нав қабул кардани Конститутсия хоси танҳо кишвари мо набуда, ба тамоми кишварҳои дунё хос аст. Ин раванд дар кишварҳои Фаронса, Олмон, Туркистон, Гурҷистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо зиёд ва ба маротиб бештар ба назар мерасад.

Мо шоҳиди дар оғози солҳои навад ба Тоҷикистон ворид гардидани муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба монанди гуногунандешӣ, гуногунҳизбӣ, иқтисодиёти бозоргонӣ, ба мардум тааллуқ доштани ҳокимият ва дигар принсипҳои демократӣ гаштем. Ва дидем, ки онҳо бо қонунҳои мо, созгор набуданд. Зеро қонунҳои мо бо назардошти муносиботи даврони Шӯравӣ ба монанди яккаҳизбӣ, яккандешӣ, иқтисоди нақшавӣ ва дигар принсипҳои яккасардорӣ таҳия, қабул шуда буданд. Тадриҷан қонунҳои мо, хоса пас аз қабули Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба ин муносибатҳо мувофиқ карда шуданд.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида барои устувории сохтори давлативу ҷамъиятӣ, рушди демократия, таъмини сулҳу субот, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ, хоса пешгирии ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ равона карда шудаанд. Манъи таъсиси ҳизбҳои дорои хусусияти динию миллӣ низ ба ҳамин мақсад аст. Зеро мароми ҳар як ҳизб ба сари ҳокимият омадан ва бо назардошти ҳадафҳои худ дигаргун кардани сохти давлативу ҷамъиятӣ мебошад. Ҳизбҳои динӣ ва миллӣ хеле ҳассос мебошанд ва метавонанд ба ҳар ҷомеа боис ба оқибатҳои ногувору нохуш шаванд. Ва имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди ин гуна оқибатҳои даҳшатбори ҳизбу ҳаракатҳои диниву миллӣ мебошад. Гузашта аз ин, чунин ҳизбҳо дар дигар кишварҳои мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин дида намешаванд ва мо ҳам намехоҳем, ки онҳо дар Тоҷикистон вуҷуд дошта бошанд. Инчунин мавҷудияти чунин ҳизбҳо ба моҳияти демократӣ ва дунявии давлату ҷомеа созгор буда наметавонад.

Дар ин росто дарҷ кардан бамаврид аст, ки зиёда аз навад дар сади мардуми Тоҷикистон мусалмон аст ва аксари онро тоҷикон ташкил медиҳанд. Таъсиси чунин ҳизбҳо метавонад баробарҳуқуқии мардумонро новобаста аз нажоду миллат, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, ки дар худи конститутсия муқаррар шудааст, халалдор кунад.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ҳамзамон барои таҳкими минбаъдаи низоми идоракунии давлатӣ, сохтор ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла рушди муносибатҳои онҳо дар оянда таъсири мусбӣ хоҳад расонд. Зеро Конститутсия асоси сохтору фаъолият ва муносибатҳои мақомотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва низоми идоракуниро муайян мекунад. Гузашта аз ин, тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида барои якранг кардан ва таъмини ҳарчи бештари баробарии мақоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамояд. Ва бо ин мақсад мувофиқатии синну сол барои соҳиб гардидан ба мансабҳо, савганд ёд кардан ва танҳо доштани шаҳрвандии Тоҷикистон барои дар ин шохаҳои ҳокимият кору фаъолият кардан дар тағйиру иловаҳо ҷой дода шуданд.

Яке аз ҷузъҳои асосии ин тағйиру иловаҳо ба Асосгузори сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат паҳн нагардидани маҳдудият ҷиҳати пешбарӣ намудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моҳи декабри соли 2015 бо талабу дархости мардум ва пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат” қабул гардид.

Бояд қайд кард, ки Пешвои миллат дар аксар мардуму миллатҳо, хоса дар давраҳои ҳассосу пуртазод рӯи кор меоянд. Мо мисоли ин гуфтаҳоро дар кишварҳои пешрафти дунё низ мебинем ва борҳо дар ин бора бо мисолҳои мушаххас баромаду мақолаҳо ба мардум пешкаш карда шуданд.

Масалан, Мустафо Камол пас аз ба сари ҳокимият омадан дар Туркистон дар самтҳои мухталифи ҳаёти кишвараш ислоҳоти доманадор рӯи кор овард. Аз ҷумла барҳам задани Хилофат, султонат, ба тарзи дунявӣ пеш бурдани зиндагӣ, озодандешӣ ва дигар принсипҳои мардумӣ (демократӣ) қисми бунёдии ин ислоҳотро ташкил медоданд. Барои аз забони арабӣ ва форсӣ тоза кардани забони туркӣ корҳои зиёд ба анҷом расонид.

Чунин ислоҳот боис шуд, ки имрӯз Туркистон яке аз кишварҳои пешрафта дунё аст. Дорои нерӯҳои бузурги иқтисодиву ҳарбӣ мебошад. Дар Туркистон бисёр шоҳу амиру султонҳо буданд, вале чун Мустафо Камол натавонистанд ба чунин пешрафти беназир муваффақ шаванд. Ва ин буд, ки мардум ӯро Отатурк, яъне Падар ё Пешвои миллати турк хонданд. Ҳатто дар гузашта, дар давлатдории мо-даврони Сосониён, Сомониён (дар гузаштаи бостон низ) чунин шахсиятҳоро ба монанди Анӯшервон ва Исмоили Сомонӣ ба ин мақом соҳиб буданд. Мутаассифона имрӯзҳо мунҳариф (дур шудан) гаштани баъзе сиёсатмадорони Туркистонро аз ин роҳи Камол Отатурк мебинем ва ин ҳол боиси халалдор гардидани амну ободии Туркистон ва мардуми он шудааст.

Президенти муҳтарами кишвар - Эмомалӣ Раҳмон низ дар лаҳзаҳои бисёр тақдирсози миллату кишвар рӯи кор омада, ба муваффақиятҳои беназир дастёб гардид ва пеш аз ҳама мардуму кишварро аз тӯфони нобуди раҳонида, ба соҳили мурод расонид. Имрӯз мо тоҷиконро як мардуми озод ва Тоҷикистонро як кишвари обод мебинем. Ҳатто барои зинда кардани номи абармардони фарҳангу сиёсат, таъриху забони мардуми тоҷик хизматҳои - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа аст. Ҳатто дар нахустбаромади худ ба сифати Сарвари кишвар дар иҷлосияи 16 таърихии Маҷлиси Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар баробари бисёр масоили мубрами онрӯза, иброз намуданд, ки Тоҷикистонро дар оянда ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона мебинам. Ва ин пешниҳод дар моддаи 1 Конститутсия ва дигар моддаҳои он тасдиқи худро пайдо кард. Чунин хизматҳои бузург ва ислоҳотҳои густурдаи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ буд, ки Президенти муҳтарами кишвар - Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ба унвон ё мақоми шоиста - Пешвои миллат соҳиб гардиданд.

Тағйиру иловаҳои воридшуда дар роҳи ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мутобиқ кардани чандин вожаҳои Конститутсия, ба монанди иваз кардани ҷиноӣ ба ҷиноят, ҳақ ба ҳуқуқ, ҷамъият ба ҷомеа, додан ба супоридан, марз ба ҳудуд ва дигар дорои аҳамияти хеле хуб аст.

Ба ҳам созгор намудани вожа ва мафҳумҳо дар худи дохили Конститутсия, ба монанди иваз кардани вожаҳои ташкил ба таъсис, қарордод ба шартнома, сохт ба сохтор ва монанди инҳо барои суфта ва комилу пурра гардидани мазмуну моҳият, забон ва мазмуну мундариҷаи он аҳамияти муҳим дорад. Зеро дар Конститутсия вобаста ба як меъёр вожаҳои номбурда ба таври гуногун истифода шудаанд.

Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул гардид ва вазъи онрӯзаи кишвар на танҳо ба шаҳрванди Тоҷикистон, балки ба ҷаҳониён маълум буд. Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва дар чунин шароит қабул кардани Санади асосӣ, албатта аз камбудиҳои ҷузъӣ, ба монанди гуногунии калимаву ибораҳо холӣ буда наметавонад, ҳарчанд аз тарафи донишмандони соҳа ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ Конститутсия аз нигоҳи мазмуну моҳият баҳои баланд гирифт. Инчунин соли 2011 (4 октябр) аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тасдиқ гардид. Бо мақсади созгор кардани вожаву калимаҳои Конститутсия ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ ин тағйиру иловаҳо пешниҳод карда шудаанд.

Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ 22 майи соли 2016 аксари мутлақ ба тарафдории ин тағйиру иловаҳо раъй доданд ва албатта ин иқдом боиси пешравию шукуфоӣ ва пойдории кишвари азиз-Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ бори дигар собит намуд, ки мардум тарафдори пешрафт ва рушду нумӯи дар радифи сиёсати созандаву сулҷӯёнаи Президенти кишвар - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Конститутсияи Тоҷикистон бахтномаи миллат, санади асосии муайянкунандаи сохти давлатдорӣ, танзимкунандаи рӯзгори мардум ва иродаи худи халқ буд, арҷ гузоштан ва риоя намудани меъёрҳои он вазифаи ҳар як сокини кишвар аст.
С. Шоназаров, ҳуқуқшинос, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: