Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ25-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 273 нафар
Назарҳо: 0
Чанде пеш дар ташкилоти ибтидоии «Хадамоти нақлиёт»-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, ки аз ҳисоби кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт созмон ёфта аст, зери мавзӯи «Аъзои ҲХДТ – ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро масъулияти хеш медонанд», мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни_баргузории чорабинӣ Наҳтулло Назаров – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Хуршед Қурбонзода - сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт доир ба ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он суханронӣ намуданд. Ҷамъомадро Хуршед Қурбонзода оғоз намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ, ки бевосита аз дастовардҳои даврони истиқлол қисса менамуданд, шарҳу тавзеҳ дод. Наҳтулло Назаров асли гузаронидани чунин як чорабиниро дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуд. М. Сабурӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.