Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ориёфар”

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ориёфар”

24-05-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ориёфар”
Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ориёфар”-и ҶСК Ориёнбонк вохӯрӣ бо ҳайати кормандони бонк ва аъзои ҳизб баргузор гардид, ки дар он Носирҷон Мирзоев муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шералӣ Зардов муовини раиси ҶСК Ориёнбонк, Изатуллои Ҳабибзод мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилоот, Ҷумахон Буриев мудири бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизб дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Дилбар Абдураҳимова муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ориёфар” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ориёфар”Вохӯриро Дилбар Абдураҳимова муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ориёфар” ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас ба 27-нафар кормандони ҶСК Ориёнбонк, ки бо хоҳиши худ дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ пайваста буданд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Носирҷон Мирзоев муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ нахуст он нафароне, ки ба сафи ҲХДТ пайвастанд аз номи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ самимона табрик гуфта, оиди саҳми роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ориёфар” дар татбиқи Барнома ва Оинномаи ҲХДТ, иштироки аъзои ҳизби кумитаи мазкур ва баргузории чорабиниҳо ёдовар шуд. Ӯ иброз дошт, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ориёфар” яке аз кумитаҳои пешсафи ноҳия ба шумор меравад.

Ҳамчунин Носирҷон Мирзоев оиди пойдории сулҳу субот, мавқеи аъзои ҲХДТ дар пешбурди ҳаёти сиёсии ҷомеа, дастгирии иқдомҳои созандаи ҷавонон аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ва мусоидат намудан дар татбиқ шудани ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲХДТ ишораҳо намуд. Дар идома таъкид намуд, ки ҳамеша дӯстдори Ватан ва ҳифзкунандаи арзишҳои неки миллӣ бошем.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ Изатуллои Ҳабибзод мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суханронии худ қайд намуд, ки ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимодошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомотҳои намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: