Бонкҳои Русия дар Украина мехоҳанд тиҷораташонро бифурӯшанд23-05-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
"Сбербанк", ВТБ ва "Внешэкономбанк"-и Русия ният доранд намояндагиҳояшонро дар Украина бифурӯшанд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар медиҳад.
Андрей Костин, раиси бонки ВТБ-и Русия мегӯяд, хоҳиши бастани шуъбаи украинии бонк бо талафоти ҷиддие, ки бонк мебинад, рабт дорад. Аз ҷумла, бонк наметавонад қарзҳои додаашро баргардонад. Ба ҷуз ин, мавзуи ҳузури бонкҳои Русия дар Украина аз ҳад зиёд сиёсӣ шуда, чандин мавриди харобкорӣ мушоҳида гардидааст, мегӯяд хадамоти матбуотии бонки ВТБ. Аммо Бонки миллии Украина хабар медиҳад, ки "Внешэкономбанк" ва ВТБ барои фурӯши намояндагиҳояшон баҳонаи воқеӣ надоранд, зеро онҳо зарарҳояшонро кам кардаанд. Дар ҳамин ҳол "Сбербанк" аз марҳилаи зарар гузашта, фоида ба даст меорад. Ин бори аввал аст бонкҳои Русия, ки дар Украина тиҷорати калон доранд, мехоҳанд онро фурӯшанд. Коршиносон инро ба омилҳои сиёсӣ рабт медиҳанд, зеро "тиҷорат бо сармояи Русия ва он ҳам дар Украина ҳоло хеле нороҳаткунанда аст". |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.