Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ИМА: рафтани Русия аз Сурия ба таҳримҳо таъсир нахоҳад дошт

ИМА: рафтани Русия аз Сурия ба таҳримҳо таъсир нахоҳад дошт

30-03-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
ИМА: рафтани Русия аз Сурия ба таҳримҳо таъсир нахоҳад дошт
Берунории қисмати асосии нерӯҳои Русия аз Сурия таҳримҳои амрикоӣ зидди ширкатҳо ва шаҳрвандони Русияро бекор ва ё сабук нахоҳад кард, гуфт ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Аврупо ва АвруОсиё Виктория Нуланд.

Виктория Нуланд афзуд, аз назари Амрико буҳрон дар Сурия ва низоъ дар шарқи Украина ба ҳамдигар рабт надоранд. "Мо дар масъалаи Украина зимни он чӣ ки дар Украина мегузарад, тасмим мегирем. Тавре маълум аст, таҳримҳо маҳз ба масъалаи Украина рабт доранд. Аз ҳамин хотир, ҳар чӣ дар Сурия мегузарад, муносибати моро дар масоили Украина тағйир намедиҳад", - гуфт Виктория Нуланд.

Сафири Украина дар ИМА Валерия Чалий аз ин изҳороти ИМА истиқбол кард. Сафири Украина ҳамзамон гуфт, эҳтимол дорад Русия дар қадами навбатӣ нерӯҳоеро, ки аз Сурия берун овард, ба Украина фиристад.

Мақомоти Амрико тасдиқ карданд, ки Русия хуруҷи нерӯҳояшро сар кардааст, вале меафзоянд, онро ҳанӯз намешавад, "бурунрафти бахши асосии нерӯҳо" номид ва таъсири он ба вазъ низ норӯшан аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: