Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Туркияву Украина нақшаи ҳамкории низомӣ имзо карданд

Туркияву Украина нақшаи ҳамкории низомӣ имзо карданд

19-05-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Туркияву Украина нақшаи ҳамкории низомӣ имзо кардандМиёни Нерӯҳои низомии Украина ва Туркия Нақшаи амалии ҳамкории низомӣ ба имзо расид. Ҳадаф аз имзои ин нақша то соли 2020 омода кардани Украина ба узвияти НАТО аст, хабар медиҳад Ситоди кулли Нерӯҳои низомии Украина.

Нақшаи мазкур ба таври дақиқ бахш ва самтҳои ҳамкории низомӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишварро то соли 2020 муайян мекунад. Нақша аз ислоҳот ва банақшагирии дифоӣ, омӯзиш ва омодагии нерӯҳо, кумаки машваратӣ ва ҳамкорӣ миёни навъҳои нерӯҳои низомӣ иборат аст.

Охири ҳафтаи гузашта Туркияву Украина ҳамчунин барои коркарди нақшаи амал дар Баҳри сиёҳ ба мувофиқа расиданд.

Муносибатҳои Туркияву Украина дар моҳҳои охир рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Баъди афзудани зиддиятҳо бо Русия Туркия ба таври мушаххас аз мавқеи умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ягонагии марзи Украина ва ғасби ғайриқонунии Қрим аз сӯи Русия пуштибонӣ мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: