Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сиёсати бунёдкориву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар амал!

Сиёсати бунёдкориву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар амал!

21-05-2016, 18:30
Хабарро хонданд: 482 нафар
Назарҳо: 0
Сиёсати бунёдкориву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар амал!
Дар ноҳияи Қубодиён маросими тантанавии ба таври расмӣ ба истифода дода шудани бинои маъмурии дуқабатаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сиёсати бунёдкориву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар амал!
Бино бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дар маросими кушодашавии он муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи Иҷроияи Марказӣ Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон Абдуқодир, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидумрон Назар ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сиёсати бунёдкориву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар амал!
Ба истифода дода шудани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ифодагари ҳамдиливу ҳамраъйӣ, созандагиву бунёдкории ҳизбиён буда, дар як муддати кӯтоҳ бо усули ҳашар сохта шудааст.

Сиёсати бунёдкориву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар амал!
Дар маросими тантанавии ба истифода дода шудани бинои мазкур Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», гуруҳи «Ҷавонони ташаббускор», аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҷамъ омада, дар васфи ҳизбу Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шеъру суруд хонданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин бино дар вилояти Хатлон 7-умин бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ буда, ҳуҷраҳои кории он бо таҷҳизоти наву замонавӣ ва техникаи компютерӣ таҷҳизонида шудааст.

Сиёсати бунёдкориву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар амал!Баъд аз маросими ифтитоҳи тантанавии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, тамоми ҳизбиёну, ҷонибдорон ва ҷавонони саодатманди Ватан дар даст бо шиору овеза рамзу парчамҳои ҳизбу Тоҷикистони азиз ба самти майдони марказии ноҳия раҳпаймоӣ намуда, бо иштироки зиёда аз 5 ҳазор нафар Аксияи ҳизбии «Барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ овоз медиҳем!» баргузор гардид.

Зимни баргузории Аксия муовини Раиси ҲХДТ Раънохон Бобоҷониён, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидумрон Назар ба сухан баромада, аз ҷумла таъкид намуданд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар интихоби ояндаи зиндагии шоистаи худ соҳибихтиёрем.

Бо дарки ин воқеият рӯзи 22 майи соли 2016 дар маъракаи муҳими сиёсӣ – Раъйпурсии умумихалқӣ иштирок намуда, устуворона барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани азизамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ раъй медиҳем, таъкид карда шуд, ки овози ҳар як нафар дар раъйпурсӣ ҳалкунанда буда, хусусан ҷавонон бояд фаъолнокии махсус зоҳир намоянд.

Иштирокдорони Аксия комилан якдилӣ нишон дода, изҳор доштанд, ки раъйпурсии умумихалқӣ – кафили пойдории сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Бо дарки масъулияти ватандӯстона ҳамагон изҳор намуданд, ки дар рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ ҳама чун як тан иштирок хоҳанд кард.

Тамоми иштирокдорони Аксияи ҳизбӣ бо рӯҳи болида ва иродаи қавӣ омодагиашонро дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор менамуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: