Барои ояндаи дурахшон овоз медиҳем20-05-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Вобаста ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар ҳамкорӣ бо ТҶҶ «Созандагони Ватан», гуруҳи ҷавонони ташаббускор, гуруҳҳои мобилӣ, волонтёрҳо, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ овоз медиҳем» бо иштироки 3100 нафар дар коллеҷи тиббӣ ва коллеҷи техникии ноҳия роҳандозӣ карда шуд. Дар Аксияи мазкур ҷавонон роҳпаймоӣ намуда, ба иштирокчиён варақаҳо, буклетҳо, нишон, тақвим ва намунаи бюллетени раъйдиҳӣ тақсим карданд.
Дар ҷойи баргузории Аксия шиору овезаҳо бо рамзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даъватҳои ҳизбӣ, аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат насб карда шуда буданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.