Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон дар маркази Хатлон23-10-2015, 10:00
Хабарро хонданд: 487 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори “Кохи Ватан” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа сеюмин намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон кушода шуд. Пеш аз кушодашавии ин намоишгоҳ аз тарафи ҳунармандони ҳинду тоҷик рақсҳои ҷаззобу дилнишин пешкаши тамошобинон гардид. Ин чорабинӣ аз 23 то 27 октябри соли равон аз соати 9:00 то соати 17:00 идома меёбад. Дар омодагӣ ва кушодашавии намоишгоҳ муовинони раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, узви КИМ ҲХДТ, С.Қосимова, Т.Аминзода ва раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Қ.Олимов саҳми арзандаи худро гузоштанд.
©КИ ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.