Бадахшон ба ҷашни Ваҳдат омодагӣ мегирад20-05-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 376 нафар
Назарҳо: 0
Гузориши мухтасар аз сафари Корвони рӯзноманигорон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Дар арафаи ҷашни мубораки 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19- умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки қарор аст имсол чорабиниҳои асосии он дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда шавад, бо дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва ибтикороти Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (раисаш Зинатулло Исмоилзода), Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ (раисаш Худойбердӣ Холиқназарзода) ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (раисаш Мирзошоҳрух Асрорӣ) гурӯҳи калони журналистон аз васоити ахбори оммаи расмӣ ва хусусии мамлакат бо мақсади шиносоии наздик бо кору фаъолияти меҳнаткашони шаҳру навоҳии вилоят ва инъикоси рафти бунёди иншооти ҷашнӣ ба ин минтақаи зебои кӯҳистони кишвар сафари корӣ анҷом доданд. Корвони рӯзноманигорон, ки аз ҷумлаи қариб 30 нафар кормандони васоити ахбори оммаи электронӣ, радио ва телевизионҳои ҷумҳурӣ иборат буданд, дар қаламрави вилоят ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба шаҳру навоҳии вилоят рафтанд ва бо аҳли заҳмат мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд. Мулоқоти нахустини гурӯҳ дар мавзеи Чорчамани ноҳияи Дарвоз сурат гирифт. Дар ин деҳаи сабзу хуррам намояндагони васоити ахборро бо нону намак, навои гуворою дилнишин, сурудҳо бар васфи дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат, ифтихори ватандорӣ ва хислатҳои неки мардуми мутамаддини тоҷик истиқбол гирифтанд. Суҳбатҳое, ки журналистон бо раиси ноҳияи Дарвоз С. Абдураҳмонзода дар лаби дарёчаи пуртуғёни Хумбоб доштанд, хеле хотирмон буданд. Ба таъкиди раиси ноҳия таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон бо номи шарифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад. Маҳз иродаи неки Сарвари давлати тоҷикон ва гузаштҳои муҳими эшон буд, ки ба сарзамини мо сулҳи деринтизор омад. Ин санаи дар ҳақиқат пурнишоту ҳаётбахш дар муддати начандон тӯлонии таърихӣ дар қалбҳои мардуми мо маскан гирифта, ба рӯйдоди азизу гиромӣ табдил ёфт. Ба таъкиди Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд. Ба шарофати ҳамин сулҳу субот буд, ки мо тавонистем қувваҳои мухталифи сиёсиро ба ҳам оварда, пояҳои истиқлолияти давлатиамонро таҳким бахшем ва бо нияти нек, имони комил ва иродаи қавӣ ба бунёди давлатдориву давлатсозии навини худ оғоз намоем. Ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон буд, ки мо хатари аз байн рафтани Ватани азизамон - Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем. Ва маҳз ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо тавонистем барои аз буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ раҳо додани кишвар заминаи устувор гузорем. Ва инак, 19 сол мешавад, ки ҳамаи тоҷикистониён дар фазои ороми сулҳу ваҳдати комил зиндагонии осуда ва кору пайкори созанда доранд. Намунаи сулҳи тоҷикон, ки дар дунё назир надорад, барои бисёр кишварҳои ҷангзада қобили омӯзиш ва омили ибрат мебошад. Дар ин маҳфили бисёр ҳам хушу гуворо муовини аввали Раиси Шӯрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - раиси Кумитаи иҷроияи он Мирзошоҳрух Асрорӣ зикр кард, ки дар тӯли ин 19 сол сулҳи тоҷикон беш аз беш фарогир шуда, таҳкими ҳамаҷониба пайдо намуд. Зеро, ки дар замири аксарияти кулли мардуми тоҷик ҷавҳари неки сулҳофарӣ нуҳуфта аст. Мо аз ҳамон рӯзҳои аввали Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат пуштибонии халқро аз роҳи интихобкардаи Сарвари муаззами Тоҷикистон, ки таъмини сулҳу субот ва муттаҳидии миллат, ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон буд, эҳсос намудем. Бинобар ин, дар ҳамон шароити ноором барои ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқии давлати навбунёд ва соҳибистиқлоламон саъйи ҳамагонро эҳсос намудем. Дар ҳамон давраи пурошӯб рамзҳои давлати соҳибистиқлол - Парчами миллӣ ва Нишони давлатиро қабул кардем. Дар соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд. Аксари мутлақи мардуми кишвар ин ҳуҷҷати тақдирсозро тарафдорӣ карданд. Аз тариқи васоити ахбори омма, аз назару андешаҳои мардум дида истодаем, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро, ки ба қарибӣ сурат мегирад, халқ онро ҳамчун далели пуштибонӣ аз сиёсат ва роҳи интихобкардаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қабул дошта, ҷонибдори он аст, ки сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ боз ҳам таҳким ёбад. Ҳоло мардум ба фардои рӯзгори худ ва ояндаи Ватан дилпурона ва бо эътимоди қавӣ нигоҳ мекунанд. Зеро боз ҳам аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар имконият фароҳам омад, ки ба сохтмони як силсила иншооти азим оғоз бахшем. Ҳар кадом аз ин иншооте, ки бунёди онҳо шуруъ шудааст, қадамҳои устувори мо ба хотири таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишвар ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Раиси Иттифоқи рӯзноманигорон З. Исмоилзода аз пазироии гарму самимии мақомоти маҳаллии вилоят ва ноҳия изҳори сипос намуда гуфт, ки тамоми ин шодмонию нишот, созандагию бунёдкорӣ аз шарофати сулҳу суботи комил мебошад, ки дар раъси он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Директори телевизиони давлатии Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода таваҷҷуҳи ҳозиринро мушаххасан ба хизматҳои шоиста ва бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона кард. Ба таъкиди мавсуф маҳз ҳамин марди фидоӣ ва сарсупурдаи миллат буд, ки мардуми кишвар ба сулҳу ваҳдат расид, нишоти оромию суботро чашид ва умедаш ба фардои ободу осуда дучанд гардид. Мусаллам ва яқин буд, ки шахси дигаре аз уҳдаи ин рисолати мушкил, пурмасъулият ва дар айни замон пурифтихор намебаромад. Ба ҳамин хотир мардуми Тоҷикистон Ҷаноби Олиро ба ҳайси Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат шинохтанд ва аз дилу ҷон ин воқеиятро пазируфтанд. Натиҷаи ҳамин дилбастагию дилгармӣ буд, ки мардуми саросари кишвар барои ободию осудагӣ камари ҳиммат баст ва барои ободонии Ватан нерӯи созандаи худро равона карда истодааст. 50 иншооти ҷашнӣ дорем, мегӯяд, раиси шаҳри Хоруғ, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон Қиматгул Алибердиева Раиси шаҳри Хоруғ, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон Қиматгул Алибердиева Корвони журналистонро бо самимияти хосса истиқбол намуда, аз сулҳу субот, оромию нишот ва амонии мамлакат бо ифтихор сухан гуфт ва дар бораи пешрафту тараққии шаҳри Хоруғ-маркази маъмурии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар тӯли солҳои истиқлолият нақл намуд. Мавсуф аз ҷумла дар бораи ошноии ҳозирин бо шаҳри зебои Хоруғ сухан гуфта, иброз дошт, ки Хоруғшаҳри дилоро ҳанӯз дар соли 1932 ташкил шудааст. Масоҳати умумии он 19,4 км мураббаъ буда, дар баландии 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Аҳолии он айни замон қариб 29 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Иртиботи он бо пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе аз тариқи ду роҳ: ағбаи Хобурубот, ки 527 км аст ва роҳи автомобилгарди Хоруғ-Душанбе аз тариқи Кӯлоб (640 км) сурат мегирад. Мардуми шаҳр асосан ба соҳибкорӣ, сохтмон, каму беш чорводорӣ, боғдорӣ ва ҳунармандӣ машғуланд. Дар ҳудуди шаҳр варзишгоҳи 6 ҳазорнафара ва фурудгоҳ мавҷуд аст. Рӯзона ба шаҳр ҳудудан 3 ҳазор нафар ворид мешавад. Ҳам дар қаламрави ва ҳам вилоят зиёда аз 50 иншоот мавриди сохтмон қарор дорад, ки онҳо бояд ба ифтихори ду ҷашни бузургамон:19-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, яъне Рӯзи ваҳлати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шаванд. -Мо талош дорем, ки ҷиҳати бунёди иншоотҳои таъйиноти истеҳсолию маърифатӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳангию варзишӣ аз маблағгузориҳои давлатӣ, сармояҳои хориҷӣ ва соҳибкорӣ ба таври васеъ истифода барем. Дар ин маврид хусусиятҳои маҳал, иқлим ва шароити кӯҳистон бо назардошти дастовардҳои меъморию фарҳангии миллӣ ба эътибор гирифта мешаванд, -гуфт дар зимни тафсири нақшаи фаъолият Қ. Алибердиева. –Барои мо аз ҳама муҳимаш тинҷию оромӣ бошад, дар он сурат созандагию бунёдкорӣ ба маҷрои мусоиди худ ворид мешавад. Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоиву сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро нишон медиҳад. Чуноне ки ҳамаи мо ва кулли мардуми Тоҷикистон дар ёд доранд, расидан ба ин рӯзҳои орому пурсаодат ва таъмин кардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барои мо бар ивази хисороти ниҳоят вазнини ҷониву молӣ ва машаққату маҳрумиятҳои сангини маънавӣ муяссар гардид. Дар як фосилаи кӯтоҳи таърих модари тоҷик даҳҳо ҳазор фарзандони худро аз даст дод, ҳазорон нафар кӯдакон бепадар ва занон беҳамсару бесаробон монданд, даҳҳо ҳазор бинову хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо ва роҳу пулҳо харобу валангор шуда, ба иқтисоди миллӣ ҳудуди даҳ миллиард сомонӣ зиён расонида шуд. Магар ҷангу ҷидол хуб аст ва ё сулҳу ваҳдат? Бубинед, ки бар асари оромию субот роҳу нақбҳо сохта мешаванд, сеху корхонаҳо, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти варзишию фарҳангӣ қомат рост мекунанд ва сатҳи зиндагии мардум беҳ мегардад. Ба истиқболи ҷашнҳои фархунда танҳо дар шаҳри Хоруғ қариб даҳ бино мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Инҳо толори варзишӣ дар маҳаллаи Тем, хати обгузари Боневдара-Хоруғ, бинои меҳмонхонаи панҷошёна дар маҳаллаи Селхозтехника, бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Чухти Хоруғ, сехи истеҳсоли маҳсулоти тайёри картошка (чипси) дар шаҳри Хоруғ, бинои сеошёнаи Ассотсиатсияи экологии сайёҳии вилоят ва ғайра мебошанд. Раиса Қиматгул Алибердиева дар ниҳояти тафсири нақшаҳои фаъолият оид ба истиқболи сазовори ҷашнҳои муборак иброз дошт, ки дар бораи аҳамият ва нақши муҳими сулҳу суботу ваҳдати миллӣ, бахусус Созишномаи сулҳи тоҷикон барои мардуми тоҷик ва умуман дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи нодир будани он андешаҳои зиёде иброз шудаанд. Доир ба аҳамияти Созишномаи сулҳ Ҷаноби Олӣ дар як суханронии худ гуфта буданд, ки “қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд. Бо имзои Созишномаи сулҳ мо ба ҷанги даҳшатбори дохилӣ хотима бахшидем. Мо собит карда тавонистем, ки миллати мутамаддин ҳастем ва ҳамчун кишваре, ки аз рӯзҳои мудҳиш ва сахт гузаштааст, хоҳони сулҳем ва ҳамеша ҷонибдори онем, ки дар тамоми нуқтаҳои доғи ҷаҳон проблемаҳо танҳо бо роҳи музокироти сиёсӣ ҳаллу фасл карда шаванд”. Калонтарин Донишгоҳ дар Осиёи Марказӣ Бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як маҳалли баланду барҳаво барои сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ майдони 87 гектар ҷудо шудааст, ки корҳои бунёди ин боргоҳи маърифату таълимӣ бо суръат идома дорад. Ҳоло дар ин ҷо сохтмони хобгоҳу озмоишгоҳ , биноҳои таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасон бо суръат сохта мешаванд. Таълим дар ин донишгоҳ бо шарту шароит ва меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Айни замон дар ин ҷо зиёда аз 40 ширкат бо фаъолияти бунёдкорона машғул мебошанд. Сохтмони калонтарин китобхона ба нақша гирифта шудааст, ки ният доранд аз китобхонаҳои бузурги ҷаҳонӣ варианти электронии китобҳои нодирро гирдоварӣ намоянд. Дар марҳилаи аввали фаъолият донишгоҳ 125 толибилмро барои таҳсил мепазирад. Донишҷӯён барои таҳсил солона 10 ҳазор доллари амрикоӣ бояд пардохт намоянд. Барои қишрҳои алоҳида имтиёз ҳам муқаррар карда мешавад. Масалан, барои таҳсили аъло довталаб метавонад қисме аз маблағҳои пардохтаашро бозпас гирад. Бо мурур аз кишварҳои минтақа ба шумули Қирғизистону Қазоқистон, Ӯзбекистону Покистон ва ғайра низ донишҷӯёнро бо таҳсил фаро мегиранд. Дар мавзеи Тем шаҳраки нав месозанд Дар як мавзеи зебо, дар соҳили дарёи Панҷ шаҳраки наве қомат меафрозад, ки дар он тибқи нақша бояд 15 ҳазор нафар соҳиби манзил шаванд. Аллакай сохтмони иншооти ифрасохтории он оғоз ёфтааст. Дар назар аст, ки дар навбати аввал ба ҷавонон манзилҳои истиқоматӣ дода мешавад. Бо мақсади таъмини ҷавонон бо ҷойи кор сехҳои истеҳсолӣ ва дигар корхонаҳо сохта мешаванд. Воқеан сехи замонавии истеҳсоли чипс картошкабирён дар ҳамин ҷо ба фаъолият оғоз мекунад. Шаҳраки нав дар паҳлуи бозори наздисарҳадӣ қомат меафрозад. Бозори мазкур аллакай ба фаъолият пардохтааст. Зимнан, мардуми афғоне, ки дар навоҳии наздимарзӣ ба сар мебаранд, бо табъи болида ба ин ҷо омада молу маводи ниёзашонро харидорӣ карда мераванд. Онҳо дар навбати худ маҳсулотеро ворид мекунанд, ки барои мардуми тоҷик зарурат дорад. Ғайр аз ин аҳамияти пули калони сохташуда боз дар он аст, ки муаллимону духтурони тоҷик ба деҳоти наздики он тарафи дарё рафта, кор мекунанд, ба таълиму тарбия ва табобати мардум машғул мешаванд. Ва бо ин васила барои заҳматашон соҳиби маблағе мегарданд. Мулоқот бо устодону донишҷӯёни ДДХ Гурӯҳи журналистон зери роҳбарии раиси рӯзноманигорони Тоҷикистон ва раиси Академияи васоити ахбори омма З. Исмоилзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Х. Холиқназарзода бо устодону донишҷӯёни донишгоҳи Хоруғ мулоқот анҷом доданд. Толибилмони таълимгоҳ маърӯзаҳои меҳмононро шунида, ба суолҳои сершуморашон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Ба нақли раиси донишгоҳ дар ин муассисаи таълимӣ, ки ҳанӯз дар соли 1992 таъсис ёфтааст, ҳоло ба 5300 донишҷӯ аз рӯи 35 ихтисос дарс медиҳанд. Донишгоҳ 8 факултаю 20 кафедра дорад. Ба шогирдон 12 доктори илму 55 номзад таълим медиҳанд. Дар ин ҷо аз дигар минтақаҳои мамлакат низ довталабонро қабул мекунанд. Солона дар ҳудуди 50 нафар тибқи квотаи президентӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Мардум аз “Помир-энержӣ” розӣ ҳастанд Дар фарози қуллаҳои сар ба афлоки Помир нерӯгоҳи барқи обии “Помир-1” қомат афрохтааст, ки аз қувваи равшангарою нерӯбахши он сокинони вилоят тамоми сол бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Сокинони минтақа дар бораи лимиту меъёри солонаи барқ аз васоити ахбори омма мехонанд. Маълум аст, ки дар дигар манотиқи мамлакат солона 6-7 моҳ дар доираи соатҳои муайян барқ мегиранд. Дар фасли тобистон бошад, ба деҳоти наздисарҳадии Афғонистон низ барқ медиҳанд. Нархи қувваи барқ барои аҳолӣ баробари 2,75 сенти амрикоист. Ин маблағ андаке дар шароити ҳозира вазнин бошад ҳам, лекин мардум тамоми фаслҳои сол, аз ҷумла тирамоҳу зимистон шабу рӯз бо барқ таъмин карда мешаванд. Корвони рӯзноманигорон дар тамоми масири роҳ диданд, ки чӣ гуна аз ҳисоби даромадҳо “Помир-энержӣ” симчӯбҳои куҳнаро бо оҳанин иваз мекунанд. Дар ниҳояти сафар хабарнигоронро раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед пазироӣ намуда, иброз доштанд, ки мо ҳам комёбӣ дорему ҳам камбудӣ. Бовар дорам, ки ҳар чизе дидеду шунидед, ҳамонро ҳақиқатнигорона мунъакис менамоед. Ва мардуми Бадахшон бо илҳоми тоза пайи созандагию бунёдкорӣ мешаванд. Тадбири аз ҳама асосии вилоят дар соли равон ин истиқболи сазовори ду ҷашни муҳим: яке таҷлили ҷумҳуриявии Рӯзи ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигаре 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. Мо ин санаҳои фархундаро бо армуғонҳои шоиста пешвоз мегирем. Усмон Солеҳ, Бахтиёр Ҳамдамов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.